Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанде пеш бар асари садамаи нақлиёт кӯдаки 5-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сокини маҳаллӣ Зоирҷон Ҷангизодаи 28-сола рӯзи 9 март ҳамроҳи оилааш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд. Субҳ онҳо - 12 кас, аз ҷумла 7 нафар кӯдакон бо автомашинаи тамғаи SsangYong Musso ба сафар мебароянд.

Гуфта мешавад, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар болои кӯҳ қарор доштанашон ногаҳон борон меборад, ки дар натиҷа чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд.

“Вале аз шиддати борони зиёд ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он мелағжад ва ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер рафтааст”, - омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки бар асари ин садама, Некрӯз Амонови 5-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигар аъзои оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.