Бар асари боришоти пайдарпай сатҳи об дар сойу дарёчаҳои ноҳияи Ашт боло рафта, дар чанд ҷамоати ин ноҳия сел фаромадааст. Ашт дар шимолии Тоҷикистон яке аз ноҳияҳои осебпазир дар барбари фалокатҳои табиӣ ба хусус селфароӣ мебошад ва борони пуршиддати рӯзҳои ахир алакай хисороти худро ба хоҷагии халқ расонидааст.
Бино ба иттилои ҳукумати ноҳияи Ашт, сар аз 12-уми март бар асари бориши зиёди борон сатҳи об дар сойи ҷамоатҳои Пунук, Ориён, Ашт ва Понғоз боло рафта, субҳи имрӯз низ дар ҳудуди ин ҷамоатҳо сел омадааст. Мақомот мегӯяд, эҳтимол ҳар лаҳза хавфи фаромадани сел дучанд ва дар пайи он ба мардум хисороти бештар расад.
Мирзоҳамид Латипов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, давоми се рӯзи ахир дар ин ноҳия борони пуршиддат меборад ва аз баландкӯҳҳо сел мефарояд, ки рӯзи 15-уми март низ омад.
Вай афзуд, то дирӯз боришоту селфароӣ боиси аз гилу лойқа пур шудани қисме аз канали Фарғона дар мавзеи Косагул гардида сел ба 18 ҳавливу ду манзили истиқоматии сокининони ҷамоати Ориён ва дигар ҷамоатҳо ворид шуд, вале зарари ҷиддие нарасонидааст.
“Дар сойҳои ҷамоатҳои ноҳияи Ашт сатҳи об ҳар лаҳза дар пайи боришот боло рафта истодааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, тахмин ба 70 гектар замини кишоварзӣ сел даромад ва ин дар ҳоли зиёдшавист. Ҳоло комиссия дар ҷойи ҳодиса кор карда истодааст, сел дар ҷамоатҳо асосан ба боғҳои навтаъсиси гандуму ҷав даромада зиён расонидааст. Талафоти ҷиддӣ нест, вале бориши борон идома дорад”,-мегӯяд сардори Ситод.
Мақомоти ноҳияи Ашт мегӯяд, дар пайи фаромадани сел рӯзи 14-уми март қисме аз канали Шимолии Фарғона аз гилу лойоб пур шудааст. Тариқи ин канал аз Ӯзбекистон барои шодоб гардонидани заминҳои кишоварзии ноҳия об ҷорӣ мешавад ва мақомот мегӯяд, дар натиҷаи селфароӣ ба дарозои 1700 метри канал 17000 ҳазор метри мукааб гилу лойқа пур шудааст.
Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт дар ба “Азия-Плюс” гуфт, ба ҳамаи он ҷамоатҳое, ки сел фаромад сафар кард ва он ҷойҳое, ки қисман зиён дида буданд бартараф кардаанд. Вай гуфт, сел зарари калони молӣ ба хоҷагии халқ нарасонидааст, аммо ҳамоно сатҳи оби сойҳо боло меравад.
“Сел қисман ба канали Шимолии Фарғона рехта, канал аз лойоба пур шудааст. Мо техникаҳоро ҷалб карда онро бартараф кардем ва техникаҳои замонавӣ дар ноҳия басанда аст. Сел кам-кам омад, агар яку якбора меомад хело зиёни калон ба мардум мерасонид. Дар сойҳо селоба ҳаст, вале бо роҳи худ меравад ва он хоҷагиҳое, ки дар гузашта дар селроҳа замин обод карда буданд, боз он ҷо сел омад. Мо ҳамаи мавзеъҳоро дирӯз рафта дидем”.-мегӯяд, раиси ноҳияи Ашт.
Бар пайи боришоти пуршиддат ва боло рафтани сатҳи оби сойҳо дар ноҳияи Ашт ситоди шабонарӯзӣ ташкил шудааст то мақомоту мардумро саривақт аз фаромадани сел бохабар кунанд.
Ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд соли гузашта дар шимолии Тоҷикистон дар натиҷаи 10 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта, ки аз он 8 ҳодисаи селфароӣ мебошад 22 кас ба ҳалокат расид. Сел асосан ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ хисорот расонид, ки зарари ба хоҷагии халқ расида аз ҳодисаҳои хусусияти табиӣ дошта дар соли 2021 ҳудуди 15,5 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 20-уми март дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид боқӣ мемонад. Манбаъ гуфтааст, дар ин рӯзҳо боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола, барф дар баландкӯҳҳо афзоиш ёфта, дамои ҳаво гоҳ гарму гоҳ сард мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Любовь к детям и страсть к ледникам. Кто она, учитель года 2024 в Таджикистане?
Россия ратифицировала соглашение о создании в Таджикистане центра для одаренных детей
USAID поддержал организацию Startupstan Summit 2024 в Душанбе
Войска ОДКБ отработают уничтожение вторгшихся извне боевиков на учениях «Рубеж-2024» в Таджикистане
Эмомали Рахмон запустил в ГБАО новые ЛЭП
Госдума РФ приняла закон, сделавший бессмысленными фиктивные браки иностранцев с россиянами
«Мама больше не кричит во сне». Как Рухшоне удалось вырваться из насилия в семье и вернуть троих детей
В Душанбе состоится вручение национальной кинопремии «Тоджи Сомон». Какие фильмы будут показаны?
В Худжанде с начала года создано 37 новых предприятий
Не $120, а $137? Сколько стоит турецкая виза?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста