Сабаби садамаи нақлиёт, ки дар он рӯзи 2 апрел автобус ба 7 автомашинаи такси бархӯрд, маълум шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, “маълум шудааст, ки ронанда сари чанбараки автобус хобаш бурдааст”.

Ба иттилои манбаъ, ташхиси хуни ронанда дар мавриди мавҷуд будани машрубот ва маводи нашъаовар дар он натиҷаи манфӣ додаааст. Дар Раёсат зикр карданд, ки ронанда дар моҳи шарифи Рамазон рӯза гирифтааст.

“Ронанда носкаш буда, дар вақти рӯзадорӣ аз истеъмоли он даст кашидааст. Шояд бо ҳамин сабаб ё аз камхобӣ ӯ сари чанбарак хобаш бурдааст. Чун касе осеб надид, ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешавад. Лекин тафтишот идома дошта, моддаи дақиқи ҷавобгарӣ баъдан маълум мешавад”, - гуфтанд дар Раёсат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 апрел ронандаи автобуси хатсайри 33  Н.Назаров дар рӯбарӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум мошинро идора карда натавониста, ба мошинҳои дар канори роҳ истода бархӯрд. Дар натиҷаи садама 7 мошин ва як автобус осеби техникӣ дид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.