Аз оғози соли равон дар кӯлу дарё ва наҳру ҳавзҳои Тоҷикистон 37 нафар, аз ҷумла 20 нафар ноболиғон ғарқ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби ғарқшавии кӯдакон аксар вақт беэҳтиётӣ ва беназорату нигоҳубин гузоштани онҳо аст.
“Танҳо дар ҳафтаи гузашта ду ноболиғ ва як духтарчаи 2-сола бар асари бе назорат гузошта шудан аз ҷониби волидон ғарқ шуданд, - гуфт ӯ. - Ҷустуҷӯи ҷасади духтарчаи 2-сола аз шаҳри Ваҳдат, ки рӯзи 27 май ғарқ шуд, то ҳол идома дорад. Духтарчаи сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати “Бӯронов” ба наҳри (канали) паҳлӯи хонаашон афтодааст”.
Бино ба гузориши қисми навбатдории Кумита як сокини 14-солаи деҳаи Хоҷамуъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст.
Ин ҳавзро сокинон барои обхӯрии ҳайвоноти хонагии худ сохта буданд. Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда ба волидонаш супурданд. Сабаби фоҷеа беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.
Дар ҳодисаи дигар писарчаи 14-сола, сокини деҳаи Савдаи ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар наҳри (канали) калон ғарқ шудааст. Подабон ҷасади ӯро дар соҳили канал дидаву ба мақомот хабар додааст.
Кумита бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки гарм шудани дамои ҳаво одамонро новобаста ба синну сол ба сӯи соҳили рӯду каналу ҳавзҳо тела медиҳад. Талош кунед фарзандонатонро беназорат нагузоред. Бахусус онҳое, ки шиноварӣ наметавонанд, ба ҷони худ ҷабр мекунанд. Ин вазифаи калонсолон аст, ки пайваста онҳоро аз хатарҳои вориди об шудан огоҳ намоянд.