Ҳамсари Далер Рақибов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард, аз бедарак шудани шавҳараш нигарон аст ва мегӯяд, "эҳтимол ӯро ба ҷанги Украина ҷалб бурдаанд”.

Шаҳноза Тӯраева, ҳамсари Далер Рақибов дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бори охир бо ҳамсараш рӯзи 9-уми ноябри соли 2022 сӯҳбат кард ва ӯ гуфта буд, ки бар ивази озодӣ ва маблағи зиёд пешниҳод доранд, ки ба ҷанги Украина равад.

“Ман гуфтам, нарав, муҳлати ҳукмат кам мондааст, Худо хоҳад, озод мешавӣ. Ӯ ба суханҳои ман розӣ шуд. Вале инак, се моҳи расо мешавад, ки аз шавҳарам дараке нест. Ҳарчанд ҳар моҳ як ё ду маротиба аз зиндон занг зада, аз ҳолаш хабар медод”, - нигаронӣ кард Шаҳноза Тураева.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон 36 сол дошта, зодаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аст. Ӯ муҳоҷири меҳнатӣ буд ва солҳо дар Русия ба ҳайси бинокор фаъолият мекард.

Ӯро соли 2015 мақомоти интизомии Русия бо гумони савдои маводи мухаддир дар ин кишвар боздошт ва 9,5 сол равонаи зиндон карданд.

Шаҳноза Тӯраева мегӯяд, шавҳараш ба савдои маводи мухаддир машғул набуд ва “танҳо чун ноновари хона ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар сафар мекард”.

“Ман ҳамроҳаш ба Русия рафта меомадам. Моҳи майи соли 2015 ман аз Русия ба Тоҷикистон омадам. Пас аз ин шавҳарам ду-се моҳ бедарак шуд. Хеле хавотир шудам ва аз ҳама шиносу ношиносҳо дар бораи ӯ мепурсидам. Пас аз 3 моҳ аз мақомоти зиндони Русия ба ман занг заданду хабари боздошти Далерро расониданд”, - гуфт Шаҳноза Тӯраева.

Ба гуфтаи ӯ, Далер Рақибов дар яке аз зиндонҳои вилояти Калинингради Русия  адои ҷазо мекунад.

Бо ишора ба хабарҳо дар робита ба ҷалби зиндониён ба ҷанги Украина, Шаҳноза Тӯраева нигаронӣ дорад, ки шавҳарашро бар иваз маблағ ва раҳоӣ фиреб карда, аз зиндон ба ҷанги Украина бурдаанд.

“Баъди он ки гуфтам, он ҷо ҷанг аст, зинда омаданат дар гумон асту фикри ду фарзандатро кун, Далер розӣ шуд ва гуфта буд, ки ба ҷанг намеравам, аммо имрӯз се моҳи комил мешавад, ки аз ҳамсарам хабар надорам. Намедонам, ки бар чӣ ҳол аст. На занге, на саломе, на паёме. Худо мегӯям, ки намурда бошад”, - гуфт Шаҳноза Тӯраева.

Ҳамин тариқ, Шаҳноза ва ду духтари хурдсолаш ҳоло интизори хабари Далери зиндонӣ ҳастанд.

Далер Рақибов
Аз ҷониби Шаҳноза Тӯраева пешниҳод шудааст

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба мо гуфтанд, қазияро пайгирӣ карда, аз натиҷааш хабар хоҳанд дод.

Аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина равон кардани шаҳрвандони Тоҷикистон нав нест ва чунин ҳолатҳо дар гузашта борҳо расонаӣ гашта буд. Бори охир дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон “дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд”.

Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кӯшониён гӯронданд.

Пас аз он ки Русия дар ҷангаш зидди Украина талафоти зиёд дод ва даргирӣ бархилофи пешбиниҳо тӯлонӣ шуд, ин кишвар ба нерӯи изофӣ зарурат пайдо кард. Бино ба гузоришҳо ва аксу наворҳое, ки то ҳоло дастраси расонаҳо шуданд, таблиғоти густурдае барои ҷалби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия барои иштирок дар ҷанги Украина ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар деворҳои маркази муҳоҷирати “Сахарово”-и Маскав бо забони модарии муҳоҷирон навиштаанд, ки қарордодӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия бипайванданду осон соҳиби шаҳрвандӣ шаванд. Кишварҳои муҳоҷирфиристе ба мисли Тоҷикистону Ӯзбекистон аз шаҳрвандони худ дар Русия хостаанд, ки ба ҷанг нараванд, чун ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Пойгоҳи “Sota” рӯзи 19-уми декабр дар Телеграм навишт, мақомоти Русия муҳоҷиронро дар Маскав ба бастани шартнома барои иштирок дар ҷанги Украина “даъват доранд”.

Қаблан як муҳоҷири тоҷик ба шарти наовардани номаш гуфта буд, ки “агар санад дуруст бошад, таблиғ мекунанд, вале агар мушкили ҷиддие пайдо шавад, таҳдид. Шарт мегузоранд, ки ё ба артиш мераведу соҳиби шаҳрвандӣ мешавед ё аз Русия меронем. Ба муҳоҷироне, ки ҷиноят кардаанд ё қонунро риоя накардаанд, бар ивази озодӣ чунин пешниҳод медиҳанд”. 

Ёдовар мешавем, ки 24-уми феврали соли 2022 Русия ба Украина ҳамла кард. Таҳқиқоти якҷояи Би-би-сӣ ва хабарнигорони “Медиазона” маълум кардааст, ки то рӯзи 9-уми декабр даҳ ҳазор сарбози рус кушта шудааст. 430 нафари онҳо шахсоне будаанд, ки баъд аз эълони “мобилизатсия” ба ҷанг сафарбар шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.