Теъдоди қурбониёни фаромадани тарма ба манзилҳои маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ба 13 нафар расид.

“Боз 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти дақиқшуда, 4 хона пурра тахриб шуда, ба 35 манзил ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман зарар расидааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Айни замон дар ҷойи ҳодиса корҳои аз барф тозакунии хонаҳо идома дорад.

“Шоми ҳамин рӯз ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ ҳангоми ба ҷанозаи сокини 30-солаи ҷамоати Техарв рафтан, ки ӯ ҳам зери тарма монда ҳалок шудааст, худашон зери тарма мемонанд. Яке аз онҳо аз зери тарма бароварда шуда, ҷустуҷӯйи дуюмӣ идома дорад”, - хабар дод Юсуфӣ.

1/4

Зикр шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фвақулода ба ҳамаи пайвандони наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуда, бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.

Кумита қаблан хабар дода буд, ки то 19-уми феврали соли равон дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт - Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе - Хоруғ, Хоруғ- Ишкошим бар асари борону барфи шадид хатари лағзиши тармаву резиши сангу рег боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти КҲФ, аз 13 то 15 феврал дар қаламрави ВМКБ 27 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ аз ноҳияи Ванҷ 11 хонавода, Рӯшон - 335 хонавода, Шуғнон - 10 хонавода, Роштқалъа - 39 хонавода ва шаҳри Хоруғ - 17 хонавода ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд.

Айни замон ғафсии қабати барф дар шаҳри Хоруғ 95 см, ноҳияи Дарвоз - 35 см, Сағирдашт - 90 см, Ванҷ - 60 см,  Рӯшон - 35 см, Шуғнон - 60 см, Роштқалъа - 35 см, Ишкошим - 20 см ва деҳаҳои баландкӯҳ - 90 см-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.