Дар шаҳри Панҷакент марди 53-сола рафиқи шаробхӯри худро дар манзили зисташ ба қатл расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса шаби 9 ба 10-уми июл рух дода ва ҳарду ҳам дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд.
“Гумонбаршаванда тахминан соати 00:30 дақиқа ҳангоми дар манзили истиқоматии марди 69-солаи сокини шаҳри мазкур қарор доштанаш, ҳарду бо истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шуда, меҳмон бо соҳибхона баҳсу муноқиша карда, сипас се маротиба ба узвҳои баданаш корд задааст”, - менависад ВКД.
Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бо ин вуҷуд, ВКД менависад, ки гумонбаршаванда соли 1993 дар Ӯзбекистон барои содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.
Ҳоло боз нисбати ӯ бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
У меня частые кровотечения из носа. Я болею чем-то очень серьезным?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Ночь в музее», магическое шоу и «Золотая антилопа»
«Не забывайте Бога». Абдурозик вернулся в Таджикистан и дал интервью «Азия-Плюс»
OriyonJob - шаг к будущему с «Ориёнбанком»
Глава Крыма предложил запретить мигрантам привозить семьи в Россию
В Душанбе обсудили переход Таджикистана на зелёную экономику
Coca-Cola вдохновляет на добрые перемены: старт кампании в Таджикистане
Запечатлённое мгновение: Таджикистан на исторических фотографиях XIX – начала XX века
Ещё один герой-мигрант в России: он вынес трёх детей из горящей квартиры
Россия – Исламский мир: Казань готовит площадку нового диалога
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста