Сафияхон Раҳматова, хонандаи синфи 3-и гимназияи 1-и шаҳри Хуҷанд, ки ду рӯз пеш, 7-уми феврали соли 2023, бедарак шуда буд, аз ҷониби 7 ғаввоси Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр дар дарёи Сир ҷустуҷӯ мешавад. Барои пайдо кардани ӯ, гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд ҳам кӯмак хостаанд.
Дар охирин наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, дида мешавад, ки духтараке дар соҳили дарёи Сир (назди Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ) гаштугузор дорад. Дар шарҳи навор зикр мешавад, ки ин духтарак Сафияхон Раҳматова аст.
Волидони Сафияхон баъди бедарак шудани фарзандашон рӯзи 7-уми феврал ба Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардаанд.
Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд дирӯз, 8-уми феврал, гуфт, ки Сафияхон Раҳматоваро 7 ғаввос ҷустуҷӯ доранд.
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам эълон дар бораи кӯмак барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова интишор гардид. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд дархост карданд, ки пагоҳ, 10-уми феврал, дар назди Қасри ҷавонон ҷамъ оянд ва барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова кӯмак кунанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи гум шудани кӯдакон дар вилояти Суғд дар соли 2024 мебошад.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 января 2025 года
Душанбе: когда появился первый универмаг, автобус и памятник?
Санатории Таджикистана: где отдохнуть и во сколько это обойдется?
Социальное жилье в Таджикистане. Какие изменения есть в законодательстве?
Куда можно сдать отходы на переработку в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 января 2025 года
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста