Дар натиҷаи боришоти шадиди чанд рӯзи охир сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, селу ярч ва сангрезаҳо ба заминҳои кишти аҳолӣ, роҳу пулҳо ва хонаи истиқоматии сокинон зарар расонидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои 18-19 май сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд шуда, дар натиҷа, 30 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зери лойоба мондааст.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 18-уми майи соли 2024 шаш сокини деҳаи Гулдараи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъро, ки ҳангоми ҷамъ кардани ҳезум дар миёнаи дарёи Ёхсу дармонда буданд, наҷот додаанд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи боронгарии шадиди рӯзи 18-уми май сатҳи оби дарёи Кофарниҳон баланд шуда, ба ҳавлии 2 мактаби миёна, 1 маркази тиббӣ, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва ҳавлии 23 хонаи истиқоматии сокинон шаҳри Ҳисор зарар расонидааст.
Дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Қаратоғ баланд шуда, хатари зери об мондани хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав гардидааст. Барои пешгирии вазъият бо истифода аз як техникаи вазнин маҷрои дарё тағйир ва зери об мондани хонаҳои истиқоматӣ пешгирӣ шудааст.
Ҳангоми боришоти шадид сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, дар ҳудуди деҳаҳои Адолат, Гулобод, Комсомол ва Шафақи ҷамоати деҳоти Зайнабобод сел таҳхонаҳои 2 хонаи истиқоматӣ, 58 қитъаи наздиҳавлигӣ ва инчунин 74 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳотро зери об мондааст.
Дар маҳаллаи Румии ҷамоати шаҳраки ба номи М. Турсунзода сел 50 қитъаи наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва 40 гектар заминҳои кишоварзиро лойоба зер кардаст.
Дар ҳудуди деҳаи Чорсуи ҷамоати деҳоти Чоргултеппа сел 200 метр соҳили чапи дарёи Элокро шустааст.
Боришоти шадид сабаби лағзиши сел дар ҳудуди деҳаҳои шаҳри Ваҳдат гардидаст. Сел соҳили дарёи маҳаллӣ байни деҳаҳои Чорбоғ-2 ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чӯянгаронро шуста, ҳавлии сокинони маҳаллиро зер кардааст.
Дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи К. Исмоилов, Б. Бурунов, Чӯянгарон, А. Абдулвосиев ва Гулистон таҳхонаҳои хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат, якҷоя бо кормандони КҲФ дар маҳал кор мекунанд, корҳои бартараф кардани оқибатҳои офат идома доранд.
Рӯзи 19-уми майи соли 2024 дар рафти ҳашари муштарак дар ҳудуди маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, бо истифода аз як техникаи КҲФ роҳи байни деҳаҳои Симиганҷ ба масофаи 300 метр барқарор карда шуда, соҳили дарёи Симиганҷ мустаҳкам карда шуд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр бо истифода аз ду техникаи махсус роҳҳо аз деҳаи Явроз то маҳаллаи Хушон дар самти роҳи Ваҳдат-Ромит аз лою сангҳо тоза карда шуданд.
КҲФ мегӯяд, дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои омадани сел дар минтақаҳои зарардида идома доранд.
Зимнан, КҲФ огоҳ кардааст, ки то 22-уми майи соли 2024 хатари сел ва лағзиши кӯҳпораҳо, сангрезишҳо, ярч ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо боқӣ мемонад. Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафтаи охир дар пайи боришоти шадид дар кишвар садҳо хонаву ҳавлии сокинон ва роҳу пулҳо зер лойоба монда, чанд нафар қурбон ҳам шудаанд.
В Томске мигрант выбросил российский паспорт из-за необходимости встать на воинский учет
«Город – не «Тигровая балка». Кто и зачем вырубает деревья на проспекте Рудаки в Душанбе?
Казахстан ввел визу Neo Nomad для тех, кто работает «на удаленке»
Душанбинский «Истиклол» в 13-й раз стал чемпионом Таджикистана
«Brat». Словарь Collins English Dictionary выбрал слово 2024 года
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Российские школы против хиджабов, критика правоохранителей, вредные игры и мировой рекорд в футболе
СМИ: в деле о теракте в «Крокусе» появились четыре новых фигуранта. Они россияне
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 ноября 2024 года
Октябрь-2024: Обеспокоенность властей судьбой мигрантов, список подконтрольных лиц, Wildberries в Таджикистане
Активный отдых в центре Душанбе: как весело провести время с семьей и друзьями?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста