Соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов зимни суханронӣ дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи иқтисодӣ нисбати ӯ изҳор намуд, ки ин мурофиа идомаи мантиқии айбномаҳои аввал аст. «Гуноҳи ман ин аст, ки тоҷик зода шудааму тоҷири муваффақ будам», - гуфт ӯ.
Хешону наздикони соҳибкор ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мурофиаи судии сайёри Суди олӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ пушти дарҳои пӯшида мегузарад. Матни суханронии Зайлд Саидов қариб аз 100 саҳифа иборат буда, ӯ муддати 3 рӯз онро қироат намудааст.
Соҳибкор зимни суханрониаш бори навбатӣ ҳамаи айбномаҳо нисбати худро рад карда, изҳор доштааст, ки ҳанӯз то замони ба мансаба вазир таъин шуданаш, ӯ ба тиҷорат машғул буд ва ҳамаи амволашро замони соҳибкориаш ба даст овардааст. Зайд Саидов аз суд дархост намудааст, ки ҳангоми содир кардани ҳукм ҳамаи ин лаҳзаҳо ба инобат гирифта шавад.
Дар назар аст, ки рӯзи 23 июл Зайд Саидов сухани ниҳоии худро ироа дошта, пас аз ин оид ба қисмати иқтисодии парванда ҳукми суд содир мешавад.
Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда аз суд дархост намуд , ки Зайд Саидов боз ба 25 соли дигари зиндон ва пардохти ҷарима ба маблағи 34 млн. сомонӣ ва ҳамчунин мусодираи тамоми амволаш маҳкум карда шавад.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста