Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди шадид шудани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ тағйирот ворид гардид.

Дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин тағйирот мавриди баррсаӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла дар он ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Тағйироти мазкур ҷиҳати баррасӣ ба вакилони Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.