- Фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бинобар сабаби риоя нашудани қонунҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ин ташкилот муваққатан боздошта шуд, - изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон даъвои Вазорати адлия дар бораи боздошти фаъолияти ин фонди эронӣ аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди баррасӣ қарор дорад ва то анҷоми мурофиаи судӣ Вазорати адлия тасмим гирифтааст, ки аз шарҳу тавзеҳот доир ба ин масъала худдорӣ варзад.
Вазири адлия гуфт, шарҳу тавзеҳоти ӯ метавонад ҳамчун як гуна фишор болои суд зимни тасмими ниҳоӣ гирифтан аз рӯи ин масъала қабул шавад.
Қаблан зикр гардида буд, ки даъвои барҳам додани намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эрон бар асоси моддаҳои 34, 35 ва 37-и қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки дар он талаботи асосӣ оид ба назорат аз болои фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ зикр шудааст, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст.
«Мо чандин маротиба бо талаби бартараф кардани қонуншиканиҳо дар фаъолияташон ба онҳо номаҳои огоҳкунанда фиристодем, вале ҳар дафъа номаҳои мо нодида гирифта шуда, бидуни посух боқӣ монданд», - изҳор карда буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати адлия. Ӯ аз шарҳи дигар ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзида, ваъда дода буд, ки дар сурати ҳаллу фасл шудани масъала, ба ВАО дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.
Дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон низ аз шарҳу тавзеҳот доир ба ин масъала худдорӣ карда, танҳо қайд карданд, ки нусхаи даъваои судӣ ба онҳо низ расида, айни замон онро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Дар маълумоти рӯзи 9 июл нашршудаи хабаргузории «Озодагон» дар ин робита гуфта мешавад , Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, созмони хайриявии Эрон дар Тоҷикистон бо дастури ӯ мутаваққиф шудааст. «Дар шароите, ки мақомоти тоҷик ба фаъолияти Кумита шак овардаанд, моил нест, ки ин созмони хайриявӣ хидматашро идома бидиҳад», - гуфтааст ӯ.
Радиои Озодӣ бо истинод ба матбуоти Эрон, аз ҷумла нашрияи “Tehran Times” рӯзи 10 июл аз қавли Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири кунунии Эрон дар Тоҷикистон хабар дода буд , ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори худи сафир мутаваққиф шудааст.




Правила успеха таджикского мастера Комила Боймуродова: топ-10 важных советов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2025 года
Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста