Наздики 10 нафар кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҳабс гирифта шудаанд, ки миёни онҳо сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Фирӯз Холмуродов низ ҳузур дорад.
Бино ба маълумоти манбаъҳои «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералӣ ва Агентии зиддифасод, амалиёти муштараки хадамоти махсуси Тоҷикистон дар ин самт аллакай муддати як ҳафта идома дорад.
Айни замон Холмуродов дар содир кардани ҷиноятҳо тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - сохтакории ҳуҷҷатҳо ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешавад. Чанде қабл барои ҳабси боздоштшудаҳо иҷоза гирифта шудааст.
Дар Агентии зиддифасод аз шарҳи сабаби ҳабси кормандонашон бо баҳонаи аллакай як ҳафта пеш аз мансаб барканор шудани онҳо худдорӣ мекунанд. Дар бораи сабаби аз кор озод шудани онҳо низ маълумот намедиҳанд.
Парвандаи ҷиноӣ нисбати Холмуродов ва дигар ҳабсшудагонро гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ ба уҳда дорад. Ҳабсшудагони дигар низ ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва порагирӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъҳои “Азия-Плюс”, дар рӯйхати аввали боздоштшудагон ному насаби боз ду нафар кормандони Агентии зиддифасод низ ҷой доштааст, аммо баъдан онҳо миёни ҳабсшудагон ҳузур надоштаанд. Рақами телефонҳои онҳо ҳанӯз ҳам дастнорас аст.
Тибқи баъзе маълумот, ҳабси кормандони Агентии зиддифасод ба парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ (УКС)-и мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидшариф Анваровмарут аст, ки ҳафтаи гузашта суди шаҳри Душанбе ӯро ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли 2013, замони нисбати собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов боз шудани парвандаи ҷиноӣ ному насаби Фирӯз Холмуродов расонаӣ шуд. Холмуродов гурӯҳи тафтишотии ин парвандаро роҳбарӣ мекард.