Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД шаҳри Истаравшан Раҳматулло Тӯрахонов ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, Тӯрахонов ҳангоми гирифани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд А.П. дастгир шудааст.

“Пештар низ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ чалб накардан аз ҳамин шаҳрванд дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст”, - иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Тӯрахонов мувофиқи моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.