“Барои ташкили исён ва бетартибиҳо дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта рух дод, 33 нафар маҳкумшудагон дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд”, - изҳор дошт прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар иылосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар аробари маҳкумшудагон ҳамчунин 9 нафар кормандони муассиса, аз ҷумла сардори он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд. Мурофиаи баррасии ин парванда имрӯзҳо пушти дарҳои пӯшида дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.
Онҳо аз рӯи қисми 2, моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ( Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст) айбдор карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ошӯб дар зиндони зикршудаи шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳкумшудагон барои терроризму ифротгароӣ низ адои ҷазо мекунанд, шаби 8 ноябри соли 2018 сар зада, баъди чанд соат саркӯб карда шуд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумот Душанбеи расмӣ, 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд. Ҳамчунин ду корманди муассиса низ кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
Баъди гузашти муддате аз ҳодиса якчанд нафар кормнадони муассиса бо шумули сардори он Файзуллоҷон Сафаров ба ҳабс гирифта шуданд. Сипас Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва 7 нафар прокуророни нозироти прокуратури вилояти Суғд аз мақомҳояшон барканор шуданд.
Рӯзи 23 ноябр Мансурҷон Умаров, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таъин шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста