Як манбаъ аз додситони ноҳияи Сино хабар дод, ки додситон Ҳусейн Акрамов ба муттаҳамони парвандаи қочоқи қариб ним тонна маводи мухаддир, ки дар байни онҳо мудири яке аз ширкатҳои хонасозӣ дар Тоҷикистон Азизулло Абдуллоев низ ҳаст, аз 20 то 30 соли зиндон талаб кардааст.

Манбаъ зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, додситон дар мурфиаи додгоҳӣ барои Азамат Тулаганов, Мурод Хӯҷаев, Бурон Самадов, Шамсулло Саидшарипов 28 солии зиндон ва барои Сорбон Сабзқадамов 20 соли зиндон тақозо кардааст.

Додситон ба роҳбари гуруҳ Азизулло Абдуллоев 30 соли зиндон ва мусодираи молу мулкашро талаб кардааст.

Мақомот Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳони ӯ Сорбон Сабзқадамов, Бӯрон Саматов, Мурод Хӯҷаев Азамат Тӯлагановро ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо мутаҳҳам мекунанд.

Моҳи октябри соли равон маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе аз боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дар Душанбе хабар дод, ки аз онҳо ҳудуди 500 кило маводи нашъаовари арзишаш 6 млн доллар мусодира шудааст. Аз онҳо инчунин, 6 мошини гаронбаҳои хориҷии нархи умумиашон 1 млн 784 ҳазор сомонӣ, хонаву бӯстонсароҳо бо арзиши умумии зиёда аз 50 млн сомонӣ низ мусодира гардидааст.

Дар хабар гуфта мешуд, ки созмондиҳандаи он сокини 46-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Азизулло Абдуллоев буда, ба ин  гурӯҳ инчунин донишҷӯйи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи 37-солаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамов, сокини 37-солаи пойтахт Шамсулло Саидшарипов, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Саматов, ҳамдиёри 35-солаи ӯ Мурод Хӯҷаев ва шаҳрванди 48-солаи Ӯзбекистон Азамат Тӯлаганов низ шомил будаанд. Дар як барномаи телевизионии вазорат гуфта мешуд, ки ба ин гуруҳи фаромиллӣ шаҳрвандони кишварҳои дигар аз ҷумла Ӯзбекистон ҳам шомил будаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо моддаҳои 200 (гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд), 289 (қочоқ) ва 262 (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Радиои “Озодӣ” аз қавли вакилони дифои муттаҳамон навиштааст, ки Азизулло Абдуллоев иттиҳомотро рад карда, гуфтааст,  бегуноҳ аст ва ба қочоқ машғул набуд. Вакилони дифои Азизулло Абдуллоев дар додгоҳ гуфтаанд, ки эътирофи иттиҳомот, ки дар барномаи телевизионии вазорати умури дохилӣ нишон доданд, таҳти шиканҷа ҳосил шудааст.

Аммо мақомоти интизомӣ дар додгоҳ гуфтаанд, ки иддаоҳо дар бораи шиканҷа асосе надоранд ва таҳқиқ дар ин замина ҳеч далели амалҳои ғайриқонунии муфаттишон ва ё бадрафторӣ бо муттаҳамонро нишон надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.