Дар Душанбе дар доираи амалиёти шартии "Корд" як сокини 51-солаи пойтахт, фурӯшандаи силоҳи сард боздошт шуд.

Гуфта мешавад ӯ силоҳи сарду олоти буррандаро дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба фурӯш мебаровардааст. Дар натиҷаи азназаргузаронии фурӯшгоҳи ӯ 24 адад корди хурду калон, 6 адад чаки оҳанин (палочка), дастчӯбҳои оҳанин, резинӣ ва чӯбин, электрошокеру кастет ва дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар Душанбе.

Зимни пурсиш боздоштшуда, иқрор шудааст, ки силоҳи сардро ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни асосии ӯ ноболиғону ҷавонон мебошанд. Акнун ӯ барои 5 шабонарӯз дар ҳабси маъмурӣ қарор хоҳад дошт.

Амалиёти “Корд” аз ҷониби милитсияи пойтахт барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард, бахусус миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳолатҳои зӯровариву хушунат бо истифода аз яроқи сард дар Тоҷикистон тез-тез рух медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвогии волидайну омӯзгорон ва кулли ҷомеа сабаби асосии пайдо шудани зуҳуроти манфӣ байни ноболиғон аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.