Дар вилояти Суғд панҷ нафаре, ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд, боздошт шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумита дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар вилояти Суғд ин 5 нафарро дастгир кардаанд.
Зимни санҷиш маълум шудааст, ки онҳо давоми як моҳ бо тӯрҳои капронӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд.
Гуфта мешавад, аз қонуншиканон ба миқдори 15 адад турҳои моҳидории дарозиашон 1500-метра, инчунин як адад муҳаррики қайиқи резинии намуди “Тахассу-15” ва ба миқдори 220 дона моҳиҳои намуди суфмоҳӣ (судак), карас ва жерех, ки вазнашон 72 кг-ро ташкил медод, мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати нафарони боздоштшуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Қаблан дар вилояти Суғд моҳидорӣ дар тамоми обанборҳо ҳангоми тухмгузорӣ қатъиян манъ шуд. Дар ин давра дахолати моҳидорон метавонад ба афзоиш ва нигаҳдории захираҳои моҳии минтақа таъсири манфӣ расонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Как понять, что у банка проблемы?
Почему в Таджикистане выросли цены на тепличные помидоры?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 апреля 2025 года
Синдром весенней усталости: из-за чего весной постоянно хочется спать?
В Душанбе названы лучшие учитель, воспитатель, врач, больница и парк
В Узбекистане отменят ограничения на экспорт большинства видов товаров
Душанбинскому парку Победы исполнилось 50 лет. Он так и остался недостроенным…
В Душанбе открыли шоурум IMZO: инновационные пластиковые окна и двери
«Город, который мы любим!». Каким видят Душанбе его жители?
США и Иран проведут в Риме второй раунд переговоров о ядерной сделке
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста