Қосими Роҳбар, раиси кунунии шаҳри Ҳисор ва раиси собиқи вилояти Суғду вазири кишоварзии Тоҷикистон пайдо шудани суратҳисоб ба номаш дар яке аз бонкҳои Швейтсарияро ба теракти моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд рабт дод ва гуфт, ки як соҳибкори хориҷӣ аз номи ӯ суратҳисоб кушода, пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом додааст.

Номбурда баъди чор рӯзи хомӯшӣ ва худдорӣ аз суҳбат бо хабарнигорон, рӯзи 24 феврал дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “СССР” ҷузъиёти кашфи беш аз 9 млн доллари марбут ба ӯ дар яке аз бонкҳои Швейтсарияро фош карда, афзудааст, ки як ҳафта пеш аз нашри таҳқиқот нафарони номаълум тавассути наздиконаш аз ӯ хостаанд, ки "барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам”.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки дар теркати моҳи апрели соли 1997 ҳамроҳи раисҷумҳури Тоҷикистон ӯ низ захмӣ шуд ва барои табобат чанд маротиба ба хориҷи кишвар рафт.

Қосими Роҳбар гуфтааст, соли 2001 барои табобат шаҳри Вена рафт ва аз сабаби он ки клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд, ба кӯмаки ӯ як соҳибкори хориҷие, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд, меояд.

Ба гуфтаи Қосими Роҳбар маҳз ин соҳибкор ӯро фиреб кард ва вақте, ки “дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам”.

Раиси собиқи вилояти Суғд ва раиси кунунии Ҳисор мегӯяд, ин соҳибкор тавассути суратҳисобе, ки ба номи ӯ кушод пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода, боз чанд нафари дигарро ҳам фиреб додаст.

Қосими Роҳбар мегӯяд, боре тавассути ин суратҳисоб доду гирифти бонкӣ накардааст, на пул ворид карда ва на гирифтаву ба ҷойе гузаронидааст.

Вай гуфтааст, ҳоло ин соҳибкор дар ҷӯстуҷуи байналмилалӣ қарор дорад ва ягона хатояш ин буд, ки ҳамсафар ва кафили хатокор интихоб кард.

- Чун пулашро гирифта наметавонад, ҳар гуна хабар паҳн мекунад. Ман боре тавассути ин суратҳисоб доду гирифти бонкӣ накардаам, на пул ворид кардаам ва на гирифтаву ба ҷойе гузаронидаам ва муайян кардани ин хеле осон аст. Ҳоло ин соҳибкор дар ҷӯстуҷуи байналмилалӣ қарор дорад. Ягона хатои ман дар он буд, ки ман ҳамсафар ва кафили хатокор интихоб кардам, - афзудааст Қосими Роҳбар.

Қосим Раҳбар бо Эмомалӣ Раҳмон

Суҳбати Қосими Роҳбар дар ҳолест, ки рӯзи 22 феврал, вақте хабарнигорони “Азия - Плюс” барои шарҳи кашфи беш аз 9 млни марбут ба ӯ рафта буданд, ӯ хабарнигоронро напазируфт ва ба василаи раиси дастгоҳи ҳукумати Ҳисор паём дод, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 21 феврал Радиои "Озодӣ" бо такя ба таҳқиқи OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, хабар дод, ки таҳқиқгарон ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), дар Бонки Швейтсария кашф кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.

Тибқи қонун мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи доштани маблағ дар бонкҳои хориҷӣ ё моликият дар берун аз кишвар маҳруманд.

Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо номи Қосим Қосимов машҳур буд, 58-сола аст ва моҳи январи имсол раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. То ин дам раёсати Кумитаи рушди маҳал, як ниҳоди навтаъсисро дар Тоҷикистон бар уҳда дошт. Аз соли 1994 то 1996 раиси ноҳияи Хуҷанд буд.

Соли 1996, пас аз ду соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард, ба мансаби раиси вилояти Суғд расид. Даҳ сол дар ин мақом кор кард.

Дар солҳои 2008-2015 дар мансаби вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои 2006-2008 раиси ҳизби ҳокими Халқии демкоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. 

Номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар як муддат дар сархати расонаҳо буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.