Дар шаҳри Ваҳдат марди 40-сола барои куштори ҳамсараш аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани одамкушӣ боздошт гардид.

Бино ба иттиллои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодиса рӯзи 24-уми июн дар ҳавлии гумонбар рух додааст.

Гуфта мешавад, ки бо сабаби муноқишаи оилавӣ мард ҳамсари 32-солаашро ҳангоми ҷангу ҷанҷол 2 маротиба бо корд ба қафаси сина ва китфи чапаш задааст.

“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.