Аз се нафар корманди Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб, ки дар робита ба марги сокини 37-солаи Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов дастгир шуда буданд, ду нафарашон озод гардида, муқобили нафари сеюм парванда боз шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт аз сӯйи маъмурони милиса, ҷон бохт. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохтааст, аммо мақомоти расмӣ мегӯяд, шиканҷа шудани ӯ ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст.

Тавре ин расона менависад, Додситонии минтақаи Кӯлоб нисбат ба Шамшод Шарифов, корманди Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, ба гумони “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми моддаи 316-и Қонуни ҷиноӣ) парванда кушодааст. Ба ӯ то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар Додситонии минтақаи Кӯлоб ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 12-уми январ гуфтааст, “Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуданд”.

Ромиш Розиқов, амаки Абдуқаҳҳор Розиқов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз раҳо шудани ду маъмури милиса хабар доранд, вале мақомот ваъдаи таҳқиқи одилонаи парвандаро додаанд.

“Ба мо гуфтанд, ки дар доираи қонун тафтиш мекунем ва тафтиш вақти зиёдро мегирад. Мо гуфтем, агар аз рӯи қонун шавад, интизор мешавем. Раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори ШКД-и Кӯлоб ба хона омада, ваъда доданд. Гуфтанд, ба ҳар гапу овоза бовар накунед,” – афзудааст ӯ.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, модару бародар ва наздикони дигари Абдуқаҳҳор Розиқовро барои суҳбат ба Душанбе даъват кардааст. Маълум нест, ба онҳо чӣ гуфтаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт шудан аз сӯйи маъмурони милиса, дар шароити мармуз ҷон бохт. Дар пайи ин ҳодиса, даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб карданд. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузаштааст.

ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 2-юми январи соли 2023 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милисаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Пиронов Акбар Самадқулович ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир ва аз ӯ 356 гр ҳашиш дарёфт карда шуд.

Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст.

Дар изҳороти ВКД таъкид мешавад, ки 3-юми январи соли 2023, Розиқов А.И. дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, аз хонаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

“Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”, - навишт ВКД.

Дар гузашта низ дар Тоҷикистон дар ҷараёни бозпурсии мақомоти милитсия ё Агентии назорати маводи нашъаовар чанд ҳодисаи ба ин монанд рух дода буданд. Мақомот чунин ҳодисаҳоро ба ногаҳон бозистодани кори дил, истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ё кӯшиши фирор аз ҷониби боздоштшудаҳо рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.