Дар Тоҷикистон айни замон барои дуздии маблағ аз буҷети Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбати 52 корманди ин Вазорат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Тавре ки имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ин шахсон ҷиҳати баррасии минбаъда ба Суди олӣ фиристода шудаанд. Дар ҳамин ҳол аз ному насаб ва вазифаҳои ин шахсон маълумот дода нашуд.
Зикр шуд, ки зиёни молиявие, ки аз ҷониби айбдоршавандагон расонида шудааст, зиёда аз 123,1 млн сомониро ташкил дода, то ин дам 93 млн сомониаш баргардонида шудааст.
Бино ба маълумоти Агентӣ, соҳаи мудофиа дар зинаи панҷум миёни сохторҳои бештар фасодзада қарор дорад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шуда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.





В Душанбе у родителей изъяли двоих детей за попрошайничество
65 сомони за мясо: жители Душанбе выстраиваются в очереди на ярмарках-продажах перед праздниками
Интернет в Таджикистане: как изменилась скорость и стоимость в 2025 году?
Союзники США отказались отправлять корабли в Ормузский пролив по призыву Трампа
Таджикистану ежегодно необходим $1 млрд в борьбе с изменением климата
Таджикистан приступает к реализации соглашения СНГ по борьбе с саранчой
Средняя зарплата в Таджикистане за последний год выросла на 17,3%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 марта 2026 года
Какое культурное наследие теряет Иран под ударами бомб
Гид по лучшим фотозонам Душанбе к Наврузу
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста