Фаъолияти президенти ИМА Доналд Трампро 36 фоизи аҳолии ин кишвар маъқул мешуморанд.
Радиои Озодӣ дар ин робита менависад,тибқи натиҷаҳои назасанҷии ахири шабакаи телевизионии CBS News, рейтинги ҷонибдории фаъолияти Трамп ба сатҳи пасттарин давоми 5 моҳи фаъолияти ӯ расидааст.
Матбуоти амрикоӣ дар ин робита қайд мекунад, ки ба рейтинги Трамп вокуниши ӯ ба тафтишоти сершумор оид ба дахолати Русия ба интихоботи соли гузашта президентӣ, ки ӯ онро «шикори ҷоду» ва талоши худсафедкунии демократҳо барои бохти ногаҳонии Ҳиллари Клинтон номида буд, таъсири манфӣ расонидааст.
Айни замон аз рӯи дахолати Русия ба интихобот дар Конгресс як қатор тафтишот ва ҳамчунин таҳти роҳбарии прокурори махсус Роберт Мюллер тафтишоти дигар ҷараён дорад. Роберт Мюллер қаблан Бюрои федералии тафтишотро роҳбарӣ мекард.
Аксари амрикоиҳо (56 фоиз) бар ин назаранд, ки тафтишоти Мюллер беғаразона сурат гирифта, Трамп барои қатъи он набояд талош варзад.
Назарпурсии шабакаи телевизион ҳамчунин нишон додааст, ки Трамп миёни ҷумҳурихоҳон ҳам дастгириро аз даст медиҳад.
Бино ба маълумоти Голос Америки, айни замон 72 фоизи ҷумҳурихоҳон аз фаъолияти Трамп ҷонибдорӣ менамоянд, ки нисбат ба моҳи апрел 11 фоиз камтар аст.



