Дар суханронии рӯзи 28 июн бахшида ба 70-солагии қабули нақшаи Маршалл - барномаи барқарории Аврупо баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис гуфт, Путин ба ҳудудҳои берун аз қаламрави кишвари худ зиён мерасонад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор доштааст, ки «аммо ин ба Русия кӯмак намекунад, ки шукуфоияшро баргардонад ва ё ба орзуву умедаш бирасад».
Гуфта мешавад, Мэттис дар Маркази аврупоии таҳқиқи масоили амниятии ба номи Маршалл дар шаҳри Гармиш-Партенкирхеи Олмон суханронӣ кардааст.
Мэттис дар мавриди сардшавии муносибатҳои Москва ва Ғарб гуфтааст, Русия бо ғасби Қрим дар соли 2014 ва дахолати эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2016-и Амрико "низоми баъдиҷангӣ ва суботи дунё"-ро ба чолиш кашидааст.



