Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон қарор дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони давлатҳо аз назди сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон ва гузашти низомии сарбозони горди фахрӣ сурат гирифт.
Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хоссаи сарони кишварҳо оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Президенти Қазоқистон барои саҳми муносиб дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар вазъияти тантанавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) - ро тақдим намуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эъломияи муштарак, Созишномаҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қазоқистон оид ба реадмиссия, оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии кишварҳо барои солҳои 2018-2019 ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар Изҳороти муштараки сарони кишварҳо қайд шуд, ки давлатҳо ба хислати стратегии муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ аҳамияти мутлақо бузург медиҳанд.
Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар, ҳавасмандгардонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими масоили ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, башарӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин арсаро муҳим арзёбӣ карданд.
Сарони давлатҳо умумияти фарҳангию таърихии ду халқро қайд карда, ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар арсаҳо тасдиқу собит намуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки акнун тибқи созишномаи имзошуда шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар бидуни қайд (сабтином) 30 рӯз ва бо қайдгузорӣ муддати 90 рӯз (се моҳ) ҳузур дошта метавонанд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварда, зикр гардид, ки ин маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфтаааст.
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марказ бахши китобдорӣ бештар ҷалб кард, зеро дар он шумораи зиёди асарҳои нависандагони классику муосири ҷаҳон, қазоқу тоҷик, адабиёти соҳавӣ оид ба бахшҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои баналмилалӣ, амният, таърих ва фарҳангшиносӣ ҷамъ оварда шудааст.




«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Садовод из Джайхуна создал новый сорт граната – «Карими». Специалисты считают его национальным достоянием
ЕБРР запускает платформу онлайн-менторинга в Таджикистане
Новый тренер футбольной сборной Таджикистана: что думают болельщики?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста