Президенти Беларус Александр Лукашенко имрӯз бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар доираи сафари Лукашенко ба Душанбе имзои як қатор санадҳои муҳиму ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва низомӣ-техникӣ дар назар аст.
Дар чаҳорчӯбӣ сафар дидору гуфтушуниди хоссаи сарони кишварҳои Беларус ва Тоҷикистон, ҳамчунин гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати кишварҳо доир мегардад.
Сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаи минбаъда оид ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва сармоягузориҳои мутақобила, ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон ва боз як қатор чорабиниҳои дигар ба нақша гирифта шудааст.
Тавре хабаргузории БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар назар аст, ки Тоҷикистон ва Беларус харитаи роҳи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2019-2020-ро ба имзо мерасонанд.
«Чизи муҳиме, ки мо аз ин сафар интизорӣ дорем, амалисозии қарордодҳо, пеш аз ҳама дар бахши кооператсия аст. Мо кайҳост мегӯем, ки омодаем ба Тоҷикистон муддати тӯлонӣ кумак кунем. Аз ин рӯ, дар доираи сафар харитаи роҳи ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020 ба имзо мерасад», - мегӯяд сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов.
Ба гуфтаи ӯ, ин барномаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ ҳам дар сатҳи даватӣ ва ҳам дар сатҳи байниидоравӣ мебошад.
Зимни сафари расмии президенти Беларус имзои ҳудуди 15 санади дуҷониба, аз ҷумла харитаи роҳи зикршуда, изҳороти муштараки сарони кишварҳо, як қатор созишномаҳо, нақшаи кори муштарак байни вазорату идораҳо дар назар аст.
Ғайр аз ин, дар доираи сафари президенти Беларус ба Тоҷикистон бо иштироки доираҳои кории Афғонистон форуми тиҷоратии Тоҷикистону Беларус баргузор мешавад, ки дар он самтҳои минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ байни се кишвар баррасӣ мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста