Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев аз ҳузур надоштани намояндаи Украина дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳод дар Душанбе изҳори таассуф кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Лебедев ба журналистон иттилоъ дод, ки дар кори ҷаласа сарвазирони шаш кишвари узви Иттиҳод ва муовинони сарвазирони чор давлат ширкат варзиданд. Ӯ бо изҳори тассуф, ҳузур надоштани намояндаи Украинаро қайд намуд.

Ба гуфтаи Лебедев, то имрӯз аз ҷониби Украина ҷиҳати хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ огоҳиномаи расмӣ нарасидааст.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Украина дар ҳайати ИДМ боқӣ мемонад, зеро ба андешаи ӯ, «ин пеш аз ҳама, ҷавобгӯи манфиатҳои худи Украина аст».

Дар брифинг аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки чорабинӣ дар фазои созанда сурат гирифта, иштирокдорони он ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ӯ бар ин назар аст, ки ҷаласаи дар Душанбе доиргардида ба ҷараёни ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳод такони тоза хоҳад бахшид.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе изҳороти муштараки иштирокдорони он ба имзо расид.

Сергей Лебедев ҳамчунин ба журналистон хабар дод, ки рӯзҳои 27-28 сентябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳод баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.