Тоҷикистон ва боз 25 давлати дигар муқобили лоиҳаи қатъномаи нав “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва ш. Сеастопол (Украина), ки дар ҷаласаи кумитаи сеюми Асамблеяи генералии СММ қабул шуд, овоз доданд, хабар дод дар Twitter-и худ Намояндагии Украина дар СММ.
Дар маҷмӯъ лоиҳаро 67 кишвар маъқул шуморида, 83 давлат аз раъйдиҳӣ даст кашиданд ва 26 кишвар муқобили он овоз доданд.
Аз ҷумла давлатҳои зерин муқобил овоз доданд: Арманистон, Беларус, Боливия, Бурунди, Камбоҷаа, Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Мянма, Никарагуа, Россия, Сербия, Ҷумуҳрии Африқои Ҷанубӣ, Судони Ҷанубӣ, Судон, Сурия, Тоҷикистон, Уганда, Ӯзбекистон, Венесуэла, Зимбабве.
Пас аз овоздиҳӣ дар Кумита лоиҳаро Ассамблеяи генералии СММ баррасӣ мекунад. Овоздиҳӣ моҳи декабри ҳамин сол дар назар аст.
Дар қатънома зикр мегардад, ки аз соли 2014 ҳукуматдорони Русия дар масоили сиёсӣ барои гирифтани нишондоди бардурӯғ аз шиканҷа истифода карда, ҳамчунин шаҳрвандони Украинаро ғайриқонунӣ боздошт ва ба ҳабс мегиранд.
Дар санад аз созмонҳои байнулмилалӣ ва муассисаҳои махсуси СММ талаб шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ нимҷазираи украиниро танҳо бо номи “Ҷумҳурии Мухтори Қрим ва шаҳри Севастопол (Украина)”, ки муваққатан аз ҷониби Русия ишғол шудаанд, зикр намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Правила успеха таджикского мастера Комила Боймуродова: топ-10 важных советов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2025 года
Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста