Дар доираи сафар ба Давлати Қатар раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим  ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқоти кӯтоҳ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат Шукурҷон Зуҳуров  салому орзуҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар ва мардуми ин кишвари дӯст расонид.

Амири  Давлати Қатар бо арзи паёми бародарӣ ба роҳбарияти олӣ ва таманнои шукуфоии беш аз пеши мардуми Тоҷикистон, ҳузури ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур омили тавсеаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, Шукурҷон Зуҳуров  ҳамчунин бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар атрофи татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби нерӯи корӣ   табодули назари судманд анҷом доданд.

Дар шаҳри Давҳа ҳамчунин вохӯрии раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо Сарвазир – Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардида, ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор гуфтугӯи судманд анҷом пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров бо мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд низ дидору гуфтушунид карда, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, саноатӣ ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.