Дар нишасти хабарӣ муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс гуфт, амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки ҳамкории амниятии ИМА бо Тоҷикистон набояд танҳо бо таҳкими сарҳад маҳдуд шавад.
Ба қавли Уэллс, таҷаммӯъи террористони Давлати исломӣ (ДОИШ) дар сарҳад бо Афғонистон то ҳол таҳдидеро дар худ боқӣ мегузорад, аз ин рӯ, нерӯҳои низомии ИМА ба зарбаҳо ҷиҳати маҳви онҳо дар Афғонистон идома медиҳанд.
“Ин кафолати он буда метавонад, ки ДОИШ таҳдид барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад буд”, - мутмаин аст ӯ.
Элис Уэллс қайд кард, ки ИМА ба дастгирии Тоҷикистон дар ҳалли мушкили дарозмуҳлати таъмини амният дар сарҳад омода аст.
“Аз соли 2002 ҳукумати ИМА барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наздики 200 млн. доллар маблағ ҷудо кард”, - иброз дошт дипломат.
Тибқи маълумоти ӯ, танҳо дар 3 соли охир Департаменти давлатӣ оид ба мудофиаи ИМА барои тақвияти ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон 46 млн. доллар ҷудо кардааст.
- Ман аз дастаи сарҳадии Панҷ боздид кардам. Ин яке аз дидбонгоҳҳое мебошад, ки аз ҷониби ИМА бо таҷҳизоти муосири алоқа ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои ҳифзи пурсамари марз таъмин шуда, ба сарҳадбонон дар пешгирии вуруди террористон ба кишвар ва қочоқи маводи мухаддир кумак мекунад, - гуфт Уэллс.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Почему жительница Кубодиёна напал с ножом на своих детей? В прокуратуре раскрыли подробности
«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Садовод из Джайхуна создал новый сорт граната – «Карими». Специалисты считают его национальным достоянием
ЕБРР запускает платформу онлайн-менторинга в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста