Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҳамраисонаш сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, нимаи дуюми моҳи апрел дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Дар ҷаласаи навбатӣ асосан ба баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши он дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илмиву техникӣ байни Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар ин ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли равон мувофиқа мешавад.
Соли 2019 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ба маблағи умумии 28,5 млн доллар 1 млрд 425,1 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд.
Соли гузашта Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи умумии 17,7 млн доллар 140 млн метри мукааб гази табиӣ гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста