Дар Анҷумани XIVғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) масъалаи пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, ки интихоботи он ба рӯзи 11 октябр таъин шудааст, баррасӣ мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дафтари кории ҲХДТ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб дар бораи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб тасмим гирифтааст.
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ таҳти раёсати пешвои ҳизб, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.
Дар ҷаласа қайд шудааст, ки номзади ҳизб ба мансаби президенти кишвар дар интихоботи 6 ноябри соли 2013, президенти ҳозираи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз барномаи пешазинтихоботии худро асосан амалӣ намудааст.
Рӯзи 6 август дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон дар бораи рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор шудани интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон қарор қабул шуд.
Акнун аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд ба пешбарии номзадҳои худ ба мансаби президенти Тоҷикистон оғоз кунанд.
Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.
Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста