Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, 30 рӯз пеш аз интихоботи президент қабули ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ қатъ мегардад. Дар интихоботи ҳозира ин сана нимашаби 10 сенятбр ба охир расид.
“То ин вақт аз адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов барои сабти расмии номзадиаш ба мансаби президентӣ ягон ҳуҷҷат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пешниҳод нашуд”, - изҳор дошт ба Азия Плюс” раиси дастагоҳи КМИР ҶТ Наврӯз Самадзода.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар КМИР, ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5% аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.
Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5%-и имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.
Дар КМИР аз эҳтимол дур намедонанд, ки адвокати ҷавон ба дастгирии ин миқдор шумори интихобкунандагон даст наёфтааст.
Қаблан адвокати 30-сола аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов изҳор дошт, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президент ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад.
Ин тасмими худро ӯ дар навори видеои рӯзи 2 сентябр нашршуда дар Facebook ва Youtube баён кард. Дар навор Иргашов дар бораи сабабҳои пешбарии номзадиаш мухтасар маълумот дода, дар ҷамъоварии шумори зарурии имзоҳо кумак хост.
Мусоҳибаи хабарнигори “Азия-Плюс” бо Фаромуз Иргашов бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи 13 сентябри КМИР Тоҷикистон 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.
Имрӯз КМИР масъалаи сабти расмии номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон - раиси он Саидҷаъфар Усмоновро баррасӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста