Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Ҷашни миллии Эронро, ки мусодиф ба солгарди Инқилоби исломӣ дар ин кишвар аст, бо ирсоли як нома ба унвони раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ, табрик гуфтааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид рӯйи муштаракоти таърихиву маънавии равобити Тоҷикистону Эрон, гуфтааст, сарафроз аст, ки мардуми Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ифтихори солгарди Ҷашни миллии кишварашон табрик ва шодбош мегӯяд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин номаи табрикии худ гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тавсеа ва таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд ва самарабахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
"Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак, дар оянда низ густариш хоҳад ёфт. Фурсатро ғанимат шумурда, барои ҷаноби олӣ саломатӣ ва комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саъодат ва шукуфоӣ орзумандам",-гуфта мешавад дар номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар як номаи табрикӣ ба унвони ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷаводи Зариф низ Ҷашни миллии Эронро табрик гуфтааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо таъкид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд, гуфтааст, "итминон дорам, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ, сулҳ ва субот дар минтақа ва дар партави ҳамкорӣ ва талошҳои муштарак, шоҳиди густариши равобити ду кишвари дӯсту бародар дар ҳама заминаҳо бошем".
Имсол аз Инқилобии исломии Эрон 42 сол мегузарад, ки 10-уми феврали соли 1979 бар пайи он дар ин кишвар режими шоҳӣ сарнагун ва низоми ҷумҳурии исломӣ роҳандозӣ шуд. Ин рӯзро дар Эрон ба унвони Ҷашни миллии Эрон таҷлил мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста