Русия аввал вазъи Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро дар мавриди дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар эълон хоҳад кард. Ин тасмимро ҳукумати Русия пас аз дархости Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо гирифтааст, иттилоъ медиҳад котиботи ҳукумати Русия.
Гуфта мешавад, ки дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” барои санҷидани вазъи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия созиш ҳосил шудааст.
Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.
“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, - таъкид кардааст ҳукумати Русия.
Ин пешниҳоди Маскав дар ҳоле аст, ки ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди ба хуб шудани вазъи эпидемиологӣ аз Маскав дархост кард, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар барқарор шаванд, ки моҳи марти соли гузашта дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.
Ҳоло миёни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд, ки ба берун бурдани шаҳрвандони ду тараф аз кишварҳои якдигар машғуланд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Правила успеха таджикского мастера Комила Боймуродова: топ-10 важных советов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 октября 2025 года
Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста