Рӯзҳои 16-17 сентябр Душанбе ҳамзамон нишастҳои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешаванд.

Интизор меравад, ки ҳайатҳои баландпояи 17 кишвари ҷаҳон, инчунин дабирони кулли СҲШ ва СААД барои иштирок дар саммитҳо ба Душанбе меоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ҳукумати кишвар.

Ба гуфтаи вай, дар рӯзҳои баргузории нишастҳо маркази Душанбе барои ҳаракати нақлиёт тақрибан комилан баста шуда, дар пойтахт чораҳои шадиди амниятӣ андешида хоҳанд шуд.

Айни замон 8 кишвар - Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ мебошанд.

Давлатҳои нозир дар ин созмон Эрон, Беларус, Муғулистон, Афғонистон ва шарикони муколама - Арманистон, Непал, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа ва Шри-Ланка мебошанд.

Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.