Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 сентябр дар нишасти маҷозие, ки ба масъалаҳои Афғонистон бахшида шуда буд, иштирок кард.
Бинои ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, нишасти мазкур бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои нишаст диққати асосиро ба мавзӯи гурезаҳо, мубориза бо терроризм, расонидани кумаки гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳо барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар равона карданд.
“Ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар “мерос” монд, - гуфт зимни суханронӣ дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин. - Ин кишвар ба маркази нооромиву бесуботи мубаддал гардид. Дар ин вазъият Тоҷикистон, ки бо ин кишвар марзи тӯлонӣ ва ҳассос дорад чӣ амалкардаҳое бояд дошта бошад?”.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ мавзӯи ҷанг дар Панҷшерро низ зикр карда, изҳор дошт, ки Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад.
Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Толибон таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.
“Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард”, - таъкид дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Солнечные и ветровые станции Узбекистана произвели 10 млрд кВт*ч, сократив потребление газа на миллиарды кубов
Таджикский боец Рахмонов проведет претендентский бой с россиянином
Пробки в Душанбе: последствия ошибок, которые допускают власти в градостроительстве
Прошел год после падения режима Асада. Что изменилось в Сирии?
Собери слово «Эсхата» и стань обладателем iPhone 17 Pro
Без интриги. «Истиклол» в 14-й раз стал чемпионом Таджикистана
В Таджикистане ввели штраф за производство криптовалюты с использованием «ворованного электричества»
В Душанбе задержали «фейковых» гаишников, собиравших деньги с водителей
Таджикский гонщик Бежан Абдуллоев стал чемпионом Китая 2025 года
В Таджикистане будут взимать утильсбор при ввозе аккумуляторов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста