Тоҷикистон бори дигар ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи байнулмилалӣ дар расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон тавассути қаламрави худ изҳори омодагӣ кард.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин хусус зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Афғонистон Томас Никлассон изҳори назар шуд.
“Сафири Тоҷикистон бо тазаккур аз имкониятҳои нақлиётӣ ва логистикии кишвар, омодагии ҷумҳуриро ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон изҳор дошт”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва эҳтимоли таҳдиди он ба амнияти минтақа изҳори назар карданд.
Ҷиҳати мусоидат дар ҳалли ҳарчи зудтари қазияи дохили Афғонистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва ИА таъкид шуд.
Дар ин росто, миёни ҳамсуҳбатон перомуни роҳҳои минбаъдаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати мусоидат дар барқарорсозии иқтисоди он кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





В Таджикистане издали книгу о дружбе Эмомали Рахмона и Си Цзиньпина
«Пустыни расцвели, как цветники густые». Слово об архитекторах, создавших наследие Таджикистана
Почему жительница Кубодиёна напал с ножом на своих детей? В прокуратуре раскрыли подробности
«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста