Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки Комилҷон Юлдошев, шаҳрванди Тоҷикистон ва сокини шаҳри Исфара, ки дирӯз дар фурудгоҳи Домодедвои Маскав бо дархости Қирғизистон боздошт шуда буд, озод гардид.

Сафорати Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки "18 ноябри соли 2021 дар натиҷаи ҳамкории самараноки Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид".

Дар Сафорати Тоҷикистон дирӯз ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки онҳо дар ҷараёни кор мебошанд ва дирӯз барои фаҳмидани ин мавзуъ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дархост фиристодаанд.

Комилҷон Юлдошев, сокини ҷамоати Сурхи Исфара 16-уми ноябр ҳангоми сафар ба Русия, дар фурудгоҳ боздошт шуда буд. Ҷониби Қирғизистон Юлдошевро барои қочоқ дар соли 2018 муттаҳам мекунад. 

Падари Юлдошев, Каримҷон Юлдошев дирӯз ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки кишвари ҳамсоя писарашро барои қочоқ дар се соли пеш гунаҳкор медонад. 

Комилҷон Юлдошеви 29-сола, бошандаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати Сурхи Исфара аст, ки ба гуфтаи наздиконаш ронандагӣ мекунад.  

Абдурақиб Додохонов, амакбачаи Комилҷон Юлдошев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шаҳри Москва гуфт, ки ҳоло Комилҷон баъди раҳоӣ ба ҳамроҳ бо намояндаҳои Тоҷикистон ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рафт.

"Гап сари ин ки ӯ соли 2020 як бор ба Қирғизистон гузашта будааст, ки боздошт ва суд карда, баъд ҷавоб дода буданд. Ин гапу кори соли 2020-ро чор моҳ пеш бо Қирғизистон ба ҷустуҷуй дода будаст. Баъди он ки байни қирғизҳову тоҷикон имсол боз муноқиша шуд, аз баски нусхаи шиносномаи Комилҷон дар дасти онҳо буд,  боз ба ҷустуҷӯй додаанд. Дигар ягон асос надоранд. Ин субҳ аз додситонии Маскав омада гуфтанд, ки ин корҳо асосе надоранд ва  ҷавоб доданд",-гуфт Додохонов.

Падари Юлдошев дирӯз гуфта буд, ки писарашро 3-юми майи соли 2020 марзбонони қирғиз барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд. 

«Комилҷонро боздошт карда буданд  ва 37 рӯз дар РКД вилояти Бодканд қарор дошт. Иттиҳоми онҳо ба воқеият мувофиқат намекард, зеро моро аз қирғизҳо танҳо як кӯча ҷудо мекунад ва ин ҷо ҳеч гуна сарҳади мушаххасе вуҷуд надорад. Додгоҳ баъди 37 рӯз баргузор шуд ва пас аз супурдани ҷарима Комилҷон озод шуд",-гуфт падараш.

Боздошту раҳо шудани Юлдошев ҳолати наве нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо дархости Қирғизистон  дар Русия боздошт мекунанд. 16-уми ноябр шаҳрванди дигари Тоҷикистон ва сокини шаҳри Исфара  Диловар Ҷӯраев, ки низ бо дархости кишвари ҳамсоя дар Новосибиркс боздошт шуда буд, озод гардид. 

Бино ба маълумоти мақомоти маҳалии Исфара Қирғизистон 25 сокини нуқтаи наздии марзии ин шаҳрро дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор додааст. Аксари ин сокинон барои убури ғайриқонунии марз ва ширкат дар низоъҳои марзӣ муттаҳам мешаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.