Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳо дар кишвар интиқоди шадид кард. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст, омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин нукта, ки "маблағгузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба рушди неури инсонӣ аст" гуфт, ки ман вақти таъин ба вазифаҳои дипломативу дигар бахшҳои давлативу иқтисодӣ аз кадрҳо мепурсам, забони хориҷиро намедонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин бахши суханронияш дар паём ба интиқоди шадиди низоми таълим пардохта гуфт, ки "аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем".

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки мо бояд дар давоми 10 соли оянда инро бипазирем, ки минбаъд дар ҳукумат ва вазифаҳои хидмативу роҳбарикунанда танҳо нафаронеро бигирем, ки бо ду забони хориҷӣ 100 дар сад ҳарф зада метавонанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳоло расман дар кишвар 1080 нафар омӯзгор дар мактабҳои миёна намерасад, аммо 10-20 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс медиҳанд.

Раҳмон ба вазорати маориф ва илм дастур дод, ки бо дарназардошти равандҳои муосир лоиҳаи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия кунад, ки аз сӯйи давлат пазируфта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.