Ато Мирхоҷа, шоир ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  аз мансабдорони пешинаву ҳозира, аҳли зиё, вакилон ва шахсиятҳои бонуфузи зодаи ВМКБ даъват кард, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд ва дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ мавқеашонро муайян кунанд.

Чунки ба гуфтаи ӯ, онҳо маҳз ба туфайли зодаи Бадахшон будан ба мансабҳои калон расида, соҳиби хонаву дар ва мақому мартаба шуданд.

Ӯ бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш ба таври мушаххас аз муовини  собиқи сарвазир ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркманистону Белорусия ва кишварҳои  дигар Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам, вакилони парлумони Тоҷикистон Қодири Қосим, Азиз Гиёев, вакили собиқи парлумон, Акрамшо Фелалиев, раиси собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон Шодӣ Шабдолов, журналист, Наҷмиддин Шоҳинбод, профессори Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия, Варқа Охонниёзов, муовини вазири тандурустӣ ва раиси собиқи ВМКБ Шодихон Ҷамшедов, намояндаи собиқи Тоҷикистон дар СММ ва сиёсатмадори варзида Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси собиқи Кумитаи омори Тоҷикистон Мерган Шаҳбозов, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёров, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва шахсиятҳое чун Зеваршо Зеваршоев ва Шодавлат Шодавлатов даъват кардааст, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд, чун вақти озмоиш ҳамин рӯзу шаб аст.

Ба гуфтаи ӯ ҳамаи онҳое ки дар боло ном овардааст, “ба туфайли зодаи Бадахшон будан ба мансабҳои калон расида, соҳиби хонаву дар ва мақому мартаба шуданд” ва аз ин рӯ, вазифадоранд, ки тавассути баромад дар телевизиони “Бадахшон”, телевизионҳои марказӣ, нашри мақола ва мактуб ба ниҳодҳои масъул ҷамъиятро ором намоянд .

Ато Мирхоҷа дар суҳбати телефонӣ бо "Азия-Плюс" баъзе ҷузъиёти ин даъваташро шарҳ дод.

- Мақола нависанд, мавқеашонро муайян кунанд, гап зананд. Дар хилват мешинанд, пагоҳ ягон гап шавад, гӯё онҳо хабар надоштанд. Мухолифин ҳар рӯз тавассути интернет ҳамаро дашном дода истодаанд. Инҳо ягонтоаш овозашонро баланд намекунанд. Дар телевизиони “Бадахшон” ва телевизионҳои марказӣ баромад кунанд,  мактуб намоянд, хулоса, кор кунанд, ки ҷамъиятро ором намоянд,- гуфт Ато Мирхоҷа.

Ба таъкиди муовини раиси Иттифоқи нависандагон онҳо бояд дақиқ кунанд, ки коре ҳоло дар Бадахшон рафта истодааст, дуруст аст ё нодуруст.

Ӯ гуфт, онҳо бояд барои оромии Бадахшон ва  ба эътидол овардани вазъ кор кунанд. Чунки ба таъкиди вай, ин қадар солҳо аз ҳисоби Бадахшон мансабҳои баланд гирифтанд, бачаҳояшонро хонанданд ва соҳиби хонаву дар шуданд, вале дар вақти даркори хомӯшанд.

- Ҳоло вақти он аст, ки ба ҳама ин некиҳо посух гардонанд. Воқеаҳо аз рӯзи якум тавассути телевизионҳову расонаҳо маълум аст, вале ҳама хомӯш, гӯё ягон гап нест,- гуфт Мирхоҷа.

Ӯ бо хитоб аз номбаршудаҳо гуфт, ки барои ҷо кардани корнамоиҳояшон чанд ҷилд "Энсиклопедияи Бадахшон" ҳам камӣ мекунад, вале имрӯз, вақте ки сарнавишти халқу зодбумашон ҳал шуда истодааст, садояшонро намешунавем.


- Ё Бадахшон фақат барои Мамадшо Илолов, Ёдгор Файзов, Далер Ҷумъаев, Парвона Ҷамшедов, Зулфия Давлатзода, Ҷумъа Ҷумъаев, Ато Мирхоҷа, (лоақал Муҳаммади Султон, Алим Шерзамонов, Рустами Ҷонӣ, Анора Саркорова ва монанди инҳо, ки пайваста андешаҳои мухолифашонро ба мағзи мардум ҷой карда истодаанд) лозим асту халос?!,- пурсидааст Ато Мирхоҷа.

Ато Мирхоҷа ба унвони яке аз зодаҳои  ВМКБ, дар баробари зодагони дигари ин минтақа, аз ҷумла президенти собиқи Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, профессор Парвона Ҷамшед дар робита ба ҳаводсиси рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021-и Бадахшон мавқеъгирӣ кард ва сокинони Бадахшонро ба “ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ёрӣ расондан ба онҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷинояткор даъват намуд”.

Ӯ дар як матлабе, ки он дар бархе аз расонҳои дигари Тоҷикистон онро бознашр карданд, ба таҳлили вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ВМКБ пардохт ва яке аз омилҳои рушди онро "рӯйи хотирбиниву хешу таборчигӣ" ё ба истилоҳи забонҳои маҳалии Бадахшон "питишбозӣ" номид.

Вокуниши ӯ дар ҷомеа, махсусан, дар миёни мардуми Бадахшон сару садои зиёдеро ба бор овард.

Дар баробари Ато Мирхоҷа, вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бархеҳо аз зиёиён ва мансабдорони собиқи ин вилоят такрори ба такрор даъват мекунанд, ки  дар баробари ҳаводиси Бадахшон хомӯш набошанд ва мавқеашонро изҳор кунанд, ки умдатан даъват ба маҳкум кардани ҳаводис ва эътирози зодагони ин минтақа аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.