Дар пайи барканории Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин се муовини ӯ низ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора як манбаи муътамад аз вазорати маориф ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, аз сӯйи сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода муаррифӣ шудааст. Маросими муаррифӣ дар Вазорати маориф ва илм то ҳоло идома дорад.

Дар фармони барканории вазири маориф, далели барканорӣ "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст, - мегӯяд манбаи мо, аммо дар расми муаррифӣ гуфта нашуд, ки кори дигари Имомзода чист.

Ҳамчунин имрӯз муовини аввали вазири маориф Муҳаммаддовуд Саломиён низ аз мақомаш барканор шудааст ва ба ҷойи ӯ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Ғафуров, Ҷамшед Ҷӯразода муовини аввали вазири маориф таъин шудааст.

Ҳамчунин муовинони дигари вазири маориф Нуралӣ Собирзода ва Диловар Қодирзода ҳам аз мақомашон барканор шудаанд.

Ба ҷойи Собирзода, Шукрулло Хайрзода таъин шудааст, ки то ин вақт  ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.

Ба ҷойи Қодирзода, Лутфия Абдухолиқзода муовини вазири маориф таъин шудааст, ки то кунун вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Данғара буд.

Ҳамчунин имрӯз муовини дигари  вазири маориф ва илм  Гулчеҳра Ғанизода низ аз мақомаш барканор шуд, вале ба ҷойи ӯ касе таъин нашуд.

Ҳамчунин  Шоҳин Саидзода, писари вазири пешини маорифи кишвар Нуриддин Сайидзода низ аз вазифаи директори Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон барканор шудааст. 

Манбаъи "Азия-Плюс" мегӯяд, ки далели барканории муовинони вазир "гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст", аммо ҳоло дақиқ нест, ки ба кадом кор.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.