Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо Владимир Путин дар Масква амнияти минтақаро баррасӣ кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Маскави Русия қарор дорад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми май бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот карданд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориии Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ кардаанд.

Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия зимни вохӯрӣ хоҳони густариши имкониятҳои истифоданашудаи соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовари бахшҳои иқтисодӣ ва ҷоннок кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша намудаанд.

“Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя–Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд”,-хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дафтари матбуоти Кремлин менависад, Владимир Путин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Вай низ аз ду солгарди дар доираи худи  Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва созмонҳое, ки дар заминаи он таъсис ёфтааст ёдовар шуда гуфтааст аст, ин сабаби хеле хубест, ки мо дар бораи вазъияти муносибатхои дутарафа сухан меронем.

“Соли гузашта савдои мо хеле ҷиддӣ пеш рафт ва кариб ба 45 фоиз афзуд ва дар се моҳи аввали имсол бошад ҳаҷми савдои мо бештар аз 70 фоиз афзуд. Ин тамоюли хуб аст, ки бояд нигоҳ дошта шавад. Ин ба сабабҳои вазъияти ҳозира алокаманданд аст, вале ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муносибатҳои мо талабот ҳаст ва ба таври фаъолона инкишоф меёбад”.-гуфтааст, Владимир Путин.

Владимир Путин аз суҳбати телефонии чанде пеш андоҷдодаи худ бо Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда гуфтааст дар он дар бораи вазъи минтақа суҳбат кардем ва вазъият мураккаб боқӣ мемонад. “Ман хеле шавқмандам, ки андешаи шуморо дар бораи он ки дар ояндаи наздик барои таҳкими амнияти мо дар ин минтақа чӣ кор кардан лозим аст, бидонам”-гуфтааст, Путин

Ба навиштаи Кремлин Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рафти иҷрои барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва вазъи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро хостааст бо Владимир Путин баррасӣ кунад. “Ман инчунин омодаам оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор кунам”.-афзудааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Дар назар аст дар Масква вохӯрии сарони кишварҳои СПАД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СПАД доир гардад, ки дар он раисони ҷумҳуриҳои Қазоиқистон, Қирғизистон, Белорус, сарвазири Арманистон низ ширкат хоҳанд кард.  

Дар соли 2022 садорати СПАД ба Арманистон дода мешавад. Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Узбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.