Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Чин рӯзи 22-юми август дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин нимпайкараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ифтитоҳ ва суханронӣ кард. Дар ин бора Маркази матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар дод.
Манбаъ менависад, нимпайкара дар мувофиқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Осорхонаи Ҷинтайи Чин аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Юан Сикун омода шудааст.
Дар поясанги нимпайкара бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва англисӣ сатрҳои зерини ашъори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сабт шудаанд:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд дар роҳи дониш бениёз.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ аз ҷумла гуфтааст, пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тавсеаи муколама байни тамаддунҳо даъват менамояд. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти Шарқ нақши калидӣ дошта, назми нотакрори ӯ ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ ва пурмӯҳтаво гардонидааст.
Шаҳрдори Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳукумати мардумии шаҳри Пекин, инчунин ба аҳли эҷод ҷиҳати бунёди нимпайкараи Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Пекин изҳори миннатдорӣ кардааст.
Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд.




Спи, моя радость, усни! Как наладить сон ребенка, если он мало и беспокойно спит?
«Азия-Плюс» и «Ориёнбанк» посадили деревья в Душанбе
Суд в Санкт-Петербурге вынес приговор таджикистанцу за оправдание теракта в «Крокусе»
Таджикистан и европейские компании усилят взаимодействие по проекту CASA-1000
Маэстро, соединяющий миры. Толибхону Шахиди — 80 лет
Чья тренерская школа окажется сильнее? Иностранцы против местных специалистов в чемпионате Таджикистана-2026
Российские компании представят цифровые решения для Таджикистана
Афиша от «Азия-Плюс»: Спектакль «За чем пойдешь, то и найдешь», гастроли Цирка Дана Запашного и Artel Local Bazaar
Таджикистан и АБР заключили стратегию партнёрства на 2026-2030 годы
Агаси Арутюнян назначен Представителем ФАО в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста