Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар охирин марҳилаи ҳалли худ қарор дорад. Рӯҳияи ду ҷониб гувоҳи он аст, ки дар наздиктарин фурсат созишномаи сарҳади миёни ду кишвар имзо хоҳад шуд. Инро аз охирин мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар, ки 15-уми март баргузор гардид, мушоҳида кардан мумкин аст, ки гуфтанд “ба пешравиҳои назаррас ноил шуданд”.
Бояд зикр кард, ки ин охирин баҳси марзии ҳалношуда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳамаи панҷ кишвари минтақа миёни ҳам баҳсҳои марзиро бо ҳар восита ҳал карданд. Пас ҳалли мусбати охирин баҳси марзӣ барои давлатҳои ин минтақа чӣ манфиат хоҳад овард?
Ҷалби сармоя
Ба андешаи аксари коршиноси минтақавӣ, созиши Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марзӣ ба ҷалби бештари сармоя ба минтақа мусоидат мекунад.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, мавҷудияти муноқишаи байнисарҳадӣ ва байнидавлатӣ, чун қоида, ба ҷалби сармоя, манфиатҳои сармоягузорони эҳтимолӣ ва ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди минтақа таъсир мерасонад.
Бахтиёр Ҳамдамов, коршиноси дигари тоҷик ҳам таъмини субот дар минтақаро аз шартҳои муҳими рушди иқтисод медонад. Ӯ низ мегӯяд, ҳалли баҳси марзӣ ба сармоягузорон боварӣ мебахшад.
“Сармоягузорон давлатҳову минтақаҳои босуботро интихоб мекунанд, зеро мехоҳанд тиҷораташон бомаром рушд кунад. Вақте дар минтақа субот нест, сармоягузор намеояд”,-гуфт ӯ.
Татбиқи лоиҳаҳои фаромиллӣ
Ба андешаи Парвиз Муллоҷонов, субот дар минтақа барои амалишавии лоиҳаҳои фаромиллие чун CASA-1000, ки барқи дар Осиёи Марказӣ истеҳсолшударо ба ҷануб-Ҳинду Покистон тавассути Афғонистон интиқол медиҳад ва ё долони Фаро-Каспий, ки тавассути он интиқоли молу коло аз Чин ба Аврупо тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монда мешавад, муҳим аст.
“Бисёре аз кишварҳо ба рушди лоиҳаҳои бузург, мисли долони Фаро-Каспий, CASA-1000 ва ғайра манфиатдор мебошанд. Аз ин рӯ, ҳалли осоишта ва одилонаи низоъ ба рушди минбаъдаи геополитикӣ ва иқтисодии минтақа таъсири бештар мерасонад”,-гуфт Муллоҷонов.
Ба андешаи ӯ, лоиҳаҳои фаромарзӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақа, бозигарони беруна-аз Русия то Чин ва Иттиҳоди Аврупо аҳамияти бузург доранд. Ба ин далел, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷилавгирӣ аз низоъҳои байнидавлатӣ дар минтақа, ки ба иҷрои тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ монеъ мешавад, манфиатдор аст.
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, собиқ муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон низ таъкид мекунад, ки барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги фароминтақавӣ, мисли CASA-1000 ва роҳҳои оҳану нақлиёт бояд амнияти минтақа таъмин бошад.
“Барои ин ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ бояд чораҳои зарурӣ андешад, зиддиятҳо миёни кишварҳо бартараф ва манфиатҳои умумӣ дуруст муайян карда шавад. Ҳарчанд ҷанбаҳои умумии манфиатҳо ҷустуҷӯ мешаванд, аммо то ҳол дақиқ муайян нашудаанд”,-мегӯяд ин коршиноси тоҷик.
Тақсими боадолатонаи захираҳои обӣ
Тақсимоти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ аз масоили дигарест, ки рӯз аз рӯз мубрам мешавад. Тақрибан 80 дарсади захираҳои оби минтақа Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷуд аст ва ташаккул меёбад. Кишварҳои дигари поёноб, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон барои тақсимоти боадолатонаи он манфиатдоранд.
Ба андешаи Парвиз Муллоҷонов, имзои созишномаи сулҳ барои тақсими одилонаи об, пеш аз ҳама дар манотиқи наздисарҳадии водии Фарғона, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шароит фароҳам меорад.
“Ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон намунаи хубе барои минтақа ҷиҳати тақсими захираҳои об шуда метавонад”,-мегӯяд Муллоҷонов.
Бахтиёр Ҳамдамов ба бунёди канали Қуштеппа дар Афғонистон ишора карда, зикр менамояд, ки хатари сар задани низоъ дар пайи норасоии об ё тақсимоти ноадолатонаи он дар минтақа то ҳол боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз, ба андешаи ӯ, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Марказӣ дар тақсими захираҳои обии минтақа муҳим аст.
Рушди сайёҳӣ
Манфиати умумии дигаре, ки минтақа метавонад бо даст ёфтан ба ҳалли баҳсҳову низоъҳо ва таъмини субот бардорад, рушди бахши сайёҳӣ мебошад. Тоҷикистону Қирғизистон бо мавзеъҳои кӯҳӣ ва кӯлу дарёҳои зебои худ, Ӯзбекистон бо маконҳои таърихӣ ва гузашта аз ин, убури Роҳи бузурги абрешим аз минтақа то ҳол барои сайёҳон яке аз самтҳои ҷолиб ба ҳисоб мераванд. Аммо баҳсҳову низоъҳо ва дар пайи он эъҷоди мушкил дар гардишгарӣ бештари сайёҳонро аз сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бозмедорад.
Шераҳмад Қаландаров, коршиноси бахши сайёҳӣ аз Тоҷикистон маҳз суботи нокомили минтақаро яке аз омилҳои рушд накардани бахши сайёҳӣ дар минтақа медонад.
“Сайёҳ пеш аз сафар ба ҳар кишвар, пеш аз ҳама вазъи амниятии онро меомӯзад. Агар дар давлат ё минтақа субот набошад, аз сафар худдорӣ мекунад”, - мегӯяд ӯ.
Ҳамчунин, ба андешаи ин коршинос, монеаҳои зиёд ҳангоми убури сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ боис шудааст, ки теъдоди ками сайёҳон ба ин минтақа сафар кунанд.
Амният минтақавӣ
Ҷалби сармоя, рушди иқтисоду сайёҳӣ ва амалии лоиҳаҳои бузург бидуни таъмини амният ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, амнияти минтақа аз масоили дигарест, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба ташвиш овардааст. Махсусан, вазъи номуайяни Афғонистон ва чолишҳои террористиву экстремистӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мулоқотҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Аз як сӯ, ояндаи норӯшани Афғонистони ҳамсоя ва аз ҷониби дигар, таҷаммӯи гурӯҳҳои зиёди тундгарову ҷангҷӯ дар ин кишвар, ки қисме аз он аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ таркиб ёфта, сари ҳар чанд вақт ғояҳои вуруд ба минтақаро такрор мекунанд, мақомоти амниятии кишварҳои минтақаро ба ташвиш овардааст.
Сайфулло Сафаров мегӯяд, маҳз дар пасманзари таҳдиди хатар аз Афғонистон аҳамияти созиш миёни Тоҷикистону Қирғизистон дучанд мешавад.
“Зеро танҳо дар сурати аз байн бурдани тамоми баҳсҳо ва низоъҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, имкон фароҳам меояд, ки амнияти минтақаро аз ҳар гуна хатарҳо, аз ҷумла аз Афғонистон таъмин кард. Танҳо дар ин сурат кишварҳои минтақа бехатарии худро таъмин ва заминаи рушди иқтисодиро фароҳам мекунанд”, - гуфт Сайфулло Сафаров.
Дар ниҳоят, аксари коршиносон ба як нуктаи умумӣ ишора мекунанд, ки ҳалли охирин баҳси марзӣ дар Осиёи Миёна ба ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа мусоидат мекунад. Ҳамгироие, ки метавонад аксари мушкили мавҷуда ва хатарҳои эҳтимолиро бартараф ва рушди иқтисодии минтақаро таъмин намояд.
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Искусство, которое передаёт больше, чем слова. Тайны китайской каллиграфии
Когда и где пройдет Tarona Music Award-2024?
Рабочие группы Таджикистана и Кыргызстана подписали протокол о завершении делимитации общей границы
Отрастил бороду, вел политические беседы. Почему десятки афганцев были выдворены из Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста