Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон номзад барои дарёфти ҷоизаи ба номи Лев Толстой пешбарӣ шуданд. Фонди сулҳи Русия ин пешниҳодро бар асоси созишномаҳои таърихӣ, ки дар нишасти Хуҷанд соли 2025 ба имзо расид, ироа кардааст.
Фонди байнулмилалиии ҷамъиятии “Фонди сулҳи Русия” (Российский фонд мира) ба Ҷоизаи байнулмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой номзадии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қирғизистон - Содир Жапаров ва президенти Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёевро "барои саҳми назарраси онҳо дар таҳкими амният, бунёди ҷаҳони бисёрқутба ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ" пешбирӣ кардааст.
Дар ин бора дар номаи Леонид Слутский, раиси раёсати фонд ба унвони ҳакамони ҷоиза сухан меравад.
Дар муроҷиати худ Слутский зикр кардааст, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти якуми сарони се кишвар дар Хуҷанд созишномаҳои таърихӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.

Тавре ки Слутский таъкид кардааст, ин созишномаҳо ба субот ва рушди устувори минтақа мусоидат хоҳанд кард.
Слутский илова намудааст, ки ба туфайли талошҳои сарони ин кишварҳо амният дар қораи АвруОсиё таъмин гардида, инчунин муколама доир ба бунёди фазои бидуни раводид ва роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа идома меёбад.
Ҷоизаи мазкур барои хидматҳои арзанда баҳри пешгирии таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ, саҳм дар таъмини амният бар асоси ҳуқуқи байнулмилалӣ, инчунин дастовардҳо дар маъракаҳои бесилоҳгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дода мешавад. Соли 2024 ин ҷоиза ба Иттифоқи Африқо тақдим шуда буд.





Эмомали Рахмон поздравил Моджтабу Хаменени с избранием на пост верховного лидера Ирана
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 марта 2026 года
Ушла из жизни народная артистка Таджикистана Тоджинисо Саидова
«Сомон Эйр» возобновляет рейсы по маршруту Душанбе — Дубай — Душанбе
От босоногой девочки до героини «Ниссо»: невероятная история Озоды-ханым Ташмухамедовой
«Азия-Плюс» передала более 500 книг в женскую колонию Нурека — вместе с читателями
Новым верховным лидером Ирана избран Моджтаба Хаменеи: что известно о сыне погибшего аятоллы ИРИ
В Таджикистан из ОАЭ 8 марта возвращены свыше 300 человек
«В бюджете нет таких больших средств…». Председатель Согда о том, почему так и не построили городок Сайхун
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2026 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста