Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нимаи дуюми имрӯз як ҳайати доираҳои кориву фарҳангии шаҳри Санкт-Петербургро таҳти сарварии муовини шубернатори ин шаҳр Анна Митянина ба ҳузур мепазирад.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур имзои Протокол ба созишнома миёни мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург ва шаҳрдории Душанбе (соли 1999) бо нақшаи кории ҳамкории муштарак барои солҳои 2017-2018 дар назар аст.
Ҳамчунин вохӯрии Анна Митянина бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Сумангул Тағойзода низ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба ҳайати расмӣ намояндагони мақомоти шаҳрдории Петербург, доираҳои корӣ ва аҳли ҷомеаи шаҳр, табибон ва аъзои гурӯҳҳои эҷодӣ шомиланд.
Дар доираи сафар мизҳои гирд ва вохӯриҳо доир гардида, доир ба мавзӯъҳои муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо табодули назар сурат мегирад. Ҳамчунин табибони шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтоёни тоҷики худ табодули таҷриба ва барои сокинони Душанбе машваратҳо доир намуда, ҳунармандони русиягӣ барои муҳассилини мактабу омӯзишгоҳҳои мусиқии шаҳр машғулиятҳо мегузаронанд.
Имрӯз, 25 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки сарояндагони операи Театри Мариинск Виктория Ястребова ва Григорий Чернетсов гала консерт ва санаи 26 сентябр дар толори консерти Филармонияи давлдатии Тоҷикистон консерти гурӯҳи «Feel'armonia» барпо мешавад.



