Дар маҷлиси навбатии ҳукумат рӯзи 31 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба ҳукумати мамлакат супориш дод, ки аз ҳозир миқдори зарурии ангишт, сӯзишворӣ ва маводи хӯрокворӣ захира гардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, инчунин дастур дода шуд, ки барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ карда шавад.

Дар ин робита дар маҷлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020” ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии нерӯи барқ ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Ҷумъа Далер ва “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТн Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Зикр шуд, ки давоми солҳои 2016-2020 дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз ҳисоби чорабиниҳои асосии барнома 9 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 2 260 кВт ва арзиши умумии 127,9 млн сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ин давра берун аз барнома 9 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 1 685 кВт ва бо арзиши умумии 31,7 млн сомонӣ сохта шудааст.

Аъзои ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, “Дар бораи нотариати давлатӣ”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ”, “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуданд.

Вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, риояи ҳатмии Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.