Бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд роҳҳо, таҳхона ва ҳатто чанде аз хонаҳои истиқоматӣ зери лойоба монда, шуморе аз чорвоҳо фавтидаанд. Кормандони КҲФ ба бартарафкунии оқибатҳои офати табии машғуланд.
“Кормандони мо 6 нафарро аз минтақаи хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчониданд ва ду мошини сокинонро аз зери лойоба берун карданд”, - гуфт Диловар Ҳамдамов, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд.
Аз КҲФ гуфтанд, шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сел омадааст.
“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст", - гуфтанд дар КҲФ.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.
“Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст”, - таъкид мекунад КҲФ.
Сокинон низ аз хароб шудани хонаву талаф ёфтани молу чорвояшон хабар медиҳанд. Аз ҷумла, Раҳбар Ҷӯраева, ки дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, дар пайи омадани лойоба мурғу чорвояшро талаф додааст.
“Баъди борони шадид сел омад. Бо писарам ва хушдоманам аз хона баромадем ва шабро дар хонаи ҳамсоя рӯз кардем. Субҳ дидам, ки ҳолат чунин аст: 40 мурғ ва чорвои калонам талаф ёфтаанд”, - мегӯяд Раҳбар Ҷӯраева
Камолиддин Холматов, ҳамсояи ин зан ҳам аз офат зарар дидааст. Деворҳои хонааш афтидаву хароб шудаанд. Ӯ хонаҳоро таъмир карда, ният дошт, ки кӯчида ба ин ҷо ояд.
Ӯ мегӯяд, чанд сол пеш ҳам чунин сел омада, харобиҳои зиёд карда буд.
“Вақте ин ҷо омадам, ними хона зери об монда буд. Ҳоло бо ёрии кормандони КҲФ ва ҳамсояҳо хонаҳоро аз лойоба тоза мекунем”, - мегӯяд Камолиддин Холматов.
Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.




Золотая осень в Таджикистане. Собрали лучшие кадры читателей «Азия-Плюс»
Сколько стоит обогреть дом зимой в Таджикистане?
Марко Раджини: «Мы выложились на 100%, но нам нужно время, чтобы догнать сильнейших»
В регионах России и в Казахстане назначены новые генконсулы Таджикистана. Кто они?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Новые министры и послы, смертельные ссоры школьников и подарок для преданного учителя
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 ноября 2025 года
История 17-летней Шахнозы, которая живет с диабетом и вдохновляет ровесников жить без страха
В Бишкеке ограничили работу общественных заведений до 22:00 для экономии электроэнергии
В рамках кампания «Евросоюз – Таджикистан: Дни устойчивой энергетики» состоялась фотовыставка и акция по озеленению
Очередная ссора подростков в Душанбе закончилась ножевым ранением
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста