Имсол бори дигар музди меҳнати кормандони буҷетӣ, нафақа ва идрорпулӣ (стипендия)-ҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Вале баъди ин зиёдшавӣ ҳам маоши мо пасттарин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи чораҳои татбиқи амри президенти кишвар дар мавриди афзоиши маоши амалкунандаи мансабии хидматчиёни давлатӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо қарор қабул кард.
Дар ин санад зикр мешавад, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 андозаи ҳадди ақали муҳди меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба маблағи 1000 (1 ҳазор) сомонӣ дар як моҳ (айни замон - 800 сомонӣ) муқаррар карда шавад.
Музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ба андозаи 30% зиёд карда мешавад.
Маоши дигар кормандони муассисаҳои бахши маориф, илму фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 20% меафзояд.
Ҳамчунин идрорпулии донишҷӯён ва дигар навъҳои он, аз ҷумла идрорпулии президентӣ (ба истиснои курсантҳои муасисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД), маоши хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 20% зиёд карда мешаванд.
Пардохтҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба он ва андозаи заминаи нафақавӣ ба андозаи 10% афзоиш меёбанд.
Музди меҳнати заминавии кормандони соҳаи тандурустӣ (барои ҳисоби маоши мансабӣ) ба андозаи 20% зиёд карда мешаванд.
Инчунин маоши мансабии хидматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти маҳаллии иҷроия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба андозаҳои гуногун боло мераванд.
Пулро аз куҷо пайдо мекунанд?
Маблағҳои иловагӣ барои таъмини иҷрои амри президент ва дар маҷмӯъ пардохти маош, нафақа ва идрорпулиҳо дар Буҷети давлатӣ барои соли 2025 пешбинӣ шудааст.
Бо қарори ҳукумат, аз ҷумла ба истифодаи воситаҳои буҷет барои маблағгузорӣ ба фониди музди меҳнат, воситаҳои бақияи озод, барзиёд иҷрошавии буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш дода мешавад.
Ҳамчунин барои таъмини маблағгузории иловагӣ барои кормандони буҷетӣ сарфаи воситаҳои моддаҳои ҳифзшудаи буҷет, бозтақсими дигар моддаҳои хароҷот, воситаҳои захиравии буҷети давлатӣ ва воситаҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ зикр мешавад.

Даромади буҷети давлатӣ барои имсол дар ҳаҷми 49,6 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки ба даст овардани ҳудуди 65%-и он аз ҳисоби воридот аз андоз ба нақша гирифта шудааст. Ҷамъоварии андозро имсол мақомот ба андозаи 20,8% зиёд карданианд.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, маошу нафақа ва стипендияҳо зиёда аз 35% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро дар соли 2025 ташкил медиҳанд. Фонди музди меҳнат дар буҷет барои соли равон дар ҳаҷми қариб 13 млрд сомонӣ муқаррар шуааст, ки 35,7% зиёдтар аз буҷети соли 2024 мебошад.
Барои пардохти нафақа дар буҷети соли равон зиёда аз 5,1 млрд сомонӣ ва кумакпулиҳо - 350 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки мутаносибан 25,6% ва 25,8% зиёдтар нисбат ба буҷети соли гузашта аст.
Барои пардохти стипендияҳо дар соли равон дар буҷети соли ҷорӣ 280 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 26% зиёдтар нисбат ба буҷети соли 2024 аст.
Афзоиши нокофӣ?
Маоши кормандони буҷет аз соли 2020 ҳамасола боло меравад. Танҳо соли 2021 истисно буд. Дар ин сол маоши танҳо кормадони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои зертобеъи он (аз 1 сентябри соли 2021 - ба андозаи 28%) боло бурда шуд.
Дар соли 2020 маошу стипендия ва нафақаҳо ба андозаи 15% зиёд шуданд, ба ҷуз маоши мансабии хидматчиёни ҳарбӣ (10%).
Соли 2022 маоши хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25% ва дигар кормандони ин мақомот - 20% зиёд шуданд. Музди меҳнати боқимонда дигар кормандони буҷет ва стипендияҳо ба андозаи 20% ва нафақаҳо - 25% боло бурда шуданд.
Дар соли 2023 маоши хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25%, музди меҳнати дигар кормандони буҷет, стипендия ва нафақаҳо - 20% зиёд карда шуданд.
Соли 2024 маоши ҳамаи кормандони буҷет ва стипендияҳо ба андорзаи 40% ва нафақаҳо - 30% афзуда шуданд.
Ба ин тариқ, бо назардошти болоравии моҳи сентябри соли ҷорӣ, аз соли 2020 маоши кормандони буҷет ва стипендияҳо ба ҳисоби миёна 2,2 баробар ва нафақаҳо - 2 баробар боло рафтанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба парлумон ахири моҳи декабри соли 2024 изҳор дошт, ки даромади пулии аҳолӣ аз 48 млрд сомонӣ дар соли 2019 то ба 147 млрд сомонӣ дар соли 2024 афзудааст.
“Ба истилоҳи дигар, нишондиҳанда 3 баробар, маоши миёна зиёда аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа - 1,5 баробар афзуданд”, - зикр кард ӯ.
Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон кишвари музди меҳнаташ пасттарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Оҷонсии радабандии Ranking.kz аввали соли равон бо истинод ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ хабар дод, ки то моҳи сентябри соли 2024 маоши миёна дар Қазоқистон қариб 2 баробар зиёдтар аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва 4 баробар бештар аз Тоҷикистон буда, аз рӯи ин нишондиҳанда Қазоқистон дар байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст.
Бино ба маълумотиОҷонсии омори Тоҷикистон, маоши миёнаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли равон 2656 сомонӣ (244 доллар)-ро ташкил додааст.
Маоши аз ҳама зиёдтарро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва музди меҳнати пасттаринро кормандони бахши кишоварзӣ - 1223 сомонӣ (112 доллар) мегиранд.